Ҳамос омодаи барқарории оташбас бо Исроил аст
Image copyrightGetty Ҳамзамон бо афзоиши ташаннуҷ дар Байтулмуқаддас дар остонаи баргузории маросими ташйиъи ҷанозаи як навҷавони фаластинӣ, гурӯҳи Ҳамос аз омодагӣ барои барқарории оташбас бо Исроил сухан гуфтааст.
Рӯзи ҷумъаи 3 июл, мақомоти гурӯҳи исломгарои Ҳамос эълом карданд, ки дар сурате, ки Исроил мутаъаҳҳид шавад аз ҳамлаи ҳавоӣ ба ҳадафҳое дар Навори Ғаза худдорӣ хоҳад варзид, Ҳамос омода аст мушакпаронӣ ба сӯйи хоки Исроилро мутаваққиф кунад.
Рӯзи душанбе аҷсоди се навҷавони исроилӣ, ки дар Каронаи Бохтарӣ рабуда шуда буданд, ёфт шуд ва мақомоти исроилӣ бо эъломи ин ки гурӯҳи исломгарои Ҳамосро бо ин одамрубоӣ ва қатл марбут медонанд, ҳушдор доданд, ки ба амалиёти талофиҷӯёна алайҳи мавозеъи ин гурӯҳ мубодират хоҳанд кард.
Тайи рӯзҳои ахир ҳавопаймои исроилӣ нуқоте дар сарзаминҳои фаластинӣ таҳти идораи Ҳамос дар Навори Ғазза ҳамларо ҳадаф қарор дода ва гурӯҳҳои фаластинӣ низ теъдоде гулӯлаи хумпора ва мушаки дастсоз ба дохили хоки Исроил партоб кардаанд.
Ҳамалоти ҳавоии Исроил боъиси захмӣ шудани теъдоде аз сокинони Ғазза шуда ва хисоротеро ба бархе таъсисоти ин минтақа ворид карда, ки ба гуфтаи мақомоти исроилӣ коргоҳҳои тавлиди аслиҳа ва марокизи омӯзиши низомӣ будаанд. Мушакпаронӣ аз Ғазза ба дохили хоки Исроил ҳам хисоротеро ба чанд сохтмон ворид сохтааст.
Мақомоти Ҳамос гуфтаанд, ки оташбаси мавриди назар бо миёнҷигарии мақомоти иттилоъотии Миср ба даст омада ва Ҳамос бо қабули он нишон дода, ки алоқае ба ташдиди таниши кунунӣ надорад.
Интизор меравад рӯзи ҷумъа мароисими ташйиъи ҷанозаи Муҳаммад Абӯхзайр, навҷавони фаластинӣ дар Байтулмуқаддас баргузор шавад. Ин навҷавони фаластинӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Байтулмуқаддас рабуда ва зоҳиран ба талофии қатли се навҷавони исроилӣ ба қатл расид. Ин воқеъа ба баргузории тазоҳурот ва даргирӣ байн нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниёни муътариз мунҷар шудааст.
Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, артиши Исроил ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи хушунат дар ҷараёни баргузории маросими намози ҷумъа дар Масҷидулақсо дар бахши шарқии Байтулмуқаддас, роҳҳои мунтаҳӣ ба ин масҷидро таҳти назорат қарор дода ва рафту омад ба ин маҳалро зери назар гирифтааст. Маъмурони пулиси Исроил танҳо ба занон, кӯдакон ва мардони миёнсол иҷозаи вуруд ба маҳалли баргузории намози ҷумъаро медиҳанд.
Бо ин ҳама, мақомоти амниятии Исроил нигарони он ҳастанд, ки маросими ташйиъи ҷаноза ба даргирӣ кашида шавад ва бо барҷо гузоштани талафоти бештар даври ҷадиде аз хушунатро дар манотиқи фаластинии Каронаи Бохтарӣ ба дунбол дошта бошад.
Рӯзи душанбе нахуствазири Исроил дар вокуниш ба қатли се навҷавони исроилӣ ин қатлро ба Ҳамос нисбат дод ва ин гурӯҳро ба иқдомоти талофиҷӯёна таҳдид кард ва расонаҳои хабарӣ аз эҳтимоли ҳадаф қарор гирифтани марокизи мутаъаллиқ ба Ҳамос дар Навори Ғазза ва аъзои аршади гурӯҳҳои вобаста ба он сухан гуфтанд. Ҳамчунин рӯзи гузашта гузоришҳое аз эъзоми воҳидҳои нерӯи заминии Исроил ба марз бо Ғазза интишор ёфт.
Дар айни ҳол, бо таваҷҷуҳ ба вокуниши шадиди афкори умумӣ дар Исроил ба ин қатл амалиёти низомӣ дар Ғазза дар муқоиса бо гузашта чандон шадид набудааст. Ҳамчунин дар пайи қатли навҷавони фаластинӣ, нахуствазир ва мақомоти исроилӣ ин иқдомро башиддат маҳкум ва нисбат ба он ибрози инзиҷор карданд.
Дар ҳоле ки ахиран мақомоти Ташкилоти Худгардон ва гурӯҳи Ҳамос дар садади оштӣ ва ҳамкорӣ барои ташкили давлати ваҳдати миллӣ баромадаанд, ба назар мерасад давлати Исроил алоқаи чандоне ба ташдиди таниши кунунӣ ва дар натиҷа тақвияти ҳамбастагии байни гурӯҳҳои фаластинӣ надошта ва тарҷеҳ додааст бо муттаҳам кардани Ҳамос ба одамрубоӣ ва қатлу барангехтани эҳсоси ҳамдардӣ бо Исроил монеъ аз тафоҳуми Ташкилоти Худгардон ва ин гурӯҳ шавад.
Пешниҳоди мақомоти Ҳамос барои барқарории оташбас бо Исроил метавонад ба коҳиши таниш дар остонаи баргузории маросими ташйиъи ҷанозаи Муҳаммад Абӯхзайр кумак кунад ва ба ҳамин далел, эҳтимол дорад мақомоти исроилӣ ҳам пешниҳодро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд.
