Шаш яҳудӣ ба занни даст доштан дар қатли навҷавони фаластинӣ боздошт шуданд
Image copyrightiПулиси Исроил шаш нафарро ба занни даст доштан дар қатли Муҳаммад Абухзайр, навҷавони фаластинӣ, боздошт кардааст.
Хабаргузории Фаронса аз қавли як мақоми исроилӣ навиштааст, ки афроди боздоштшуда эҳтимолан узви як гурӯҳи яҳудии ифротӣ ҳастанд.
Пулиси Исроил ба Би-би-сӣ гуфт Муҳаммад Абухзайр ба далели фаластинӣ буданаш кушта шудааст.
Пеш аз ин Додситони кулли Ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард ки бано ба натоиҷи колбадшикофӣ Абухзайр зинда сӯзонда шудааст.
Маросими ташйеъи ҷанозаи Муҳаммад Абухзайр рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баргузор ва дар ҷараёни он пулиси Исроил дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ бо муътаризони фаластинӣ даргир шуд.
Таниш миёни Исроил ва фаластиниён пас аз он ки се навҷавони исроилӣ дар наздикии Алхалил нопадид шуданд, ташдид шудааст. Маъмурони исроилӣ дар ҷараёни ҷустуҷӯи ин се талабаи ҷавони яҳудӣ беш аз 400 фаластиниро боздошт карданд ва 5 нафарро ҳам куштанд. Ҷанозаи ин се навҷавон душанбеи ҳафтаи гузашта пайдо шуд.
Муҳаммад Абухзайр ҳудуди як рӯз пас аз он рабуда ва кушта шуд.
Торуқ Хзайр, яке аз бастагони ӯ, ки тобеъияти омрикоӣ низ дорад, дар боздошти пулиси Исроил аст.
Тасовире, ки аз боздошти Торуқ Хзайр мунташир шуда, нишон медиҳад, ки маъмурони пулиси Исроил рафтори бисёр хашине бо ӯ доранд. Маъмурон ӯро дар ҳоле ки рӯйи замин афтодааст бо мушт ва лагад мезананд.
Омрико ба ин рафтори пулиси Исроил эътироз кардааст.
