Исроил 'ҳамалот алайҳи Ғаззаро ташдид хоҳад кард'

  • 10 Июл, 2014
Image copyrightna
Image caption Исроил мегӯяд "Гунбади оҳанин" теъдоде аз рокетҳои Ҳамосро мунҳадим кардааст

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил пас аз нишасте бо мақомҳои дифоъии ин кишвар қавл додааст "ҳамалот алайҳи Ҳамосро беш аз ин ташдид кунад."

Ӯ гуфт, ки пайкорҷӯёни фаластинӣ "баҳои сангине" барои партоби рокет ба сӯйи Исроил хоҳанд пардохт.

Артиши Исроил гуфт, ки Ҳамос рӯзи чаҳоршанбе 72 рокет ба сӯйи шаҳрҳои ин кишвар партоб кардааст, ки пас аз ҳамалоти ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза дар сешанбешаб то субҳи чаҳоршанбе буд.

Гузориш мешавад, ки ҳудуди 40 фаластинӣ дар ҳамалоти ахир кушта шудаанд.

Исроил мегӯяд пайкорҷӯён ва таъсисоти онҳо аз ҷумла рокетандозҳо, анборҳои силоҳ, тунелҳо ва марокизи фармондеҳиро ҳадаф гирифтааст.

Мақомҳои пизишкии Ғазза мегӯянд, ки ниме аз куштаҳо ғайринизомиён, аз ҷумла занону кӯдакон ҳастанд.

Ҳамос гуфт, ки тамоми Исроил ҳадафи рокетҳои ин гурӯҳ хоҳад буд ва Исроилро ба нақзи оташбасе, ки бо миёнҷигарии Миср ба даст омада буд, муттаҳам кард. Он оташбас ба табодули оташ миёни ду тараф дар соли 2012 поён дод.

Эҳтимоли ҳамлаи заминӣ

Image copyrightAFP
Image caption Дар ҳамлоти Исроил ба Ғазза пеш аз чиҳил нафар кушта шудаанд

Оқои Нетонёҳу гуфт, ки амалиёт дар Ғазза то замони таваққуфи шиллики рокет ба Исроил идома хоҳад ёфт.

Шимун Перез, раиси ҷумҳури Исроил, ба Си-эн-эн гуфт, ки амалиёти заминӣ мумкин аст "хеле зуд" анҷом шавад. Артиш то 40 ҳазор нерӯи захираро фаро хондааст.

Артиш гуфт, ки системи зиддимушакии "Гунбади оҳанин" 15 адад аз 72 рокети партобшуда дар рӯзи чаҳоршанберо мунҳадим кардааст, аз ҷумла се адад бар фарози Теловив, се адад бар фарози Ашкелон ва се то ҳам бар фарози Ашдод.

Исроил гуфт, ки се мушак ҳам ба сӯйи шаҳри ҷанубии Димуно ва реоктури атумӣ партоб шуда буд, ки дуто наздики шаҳр фуруд омад ва сувемӣ дар осмон мунҳадим шуд.

Артиши Исроил гузориш карда, ки нерӯҳои ин кишвар ба 550 макон дар Ғазза, ки мегӯяд ба Ҳамос таъаллуқ доштанд, ҳамла кардааст.

Аз сӯйи дигар раҳбарони Фаронса ва Олмон ҳамалот алайҳи Исроилро пас аз гуфтугӯ бо оқои Нетонёҳу маҳкум карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳрвандони Исроил бо пахши ожир дар нуқоти амн паноҳ мегиранд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ҳам бо оқои Нетонёҳу телефунӣ суҳбат кард. Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Омрико оқои Керрӣ қарор аст баъд аз ин бо Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ гуфтугӯ кунад.

Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико мақомҳои омрикоӣ аз ҳама тарафҳо хостанд авзоъро ором кунанд.

Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, имрӯз дар суханоне , ки аз телевизиюни Алақсо мунташир шуд, Омрико ва ҷомеъаи ҷаҳониро ба иртикоби ҷиноят алайҳи фалстиниён муттаҳам кард.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ, пеш аз нишасти кобинеи Фаластин дар Ромаллоҳ дар каронаи ғарбии рӯди Урдун Исроилро ба наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам кард ва бори дигар хоҳони таваққуфи ҳамалоти Исроил ба Ғазза шуд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсатиҷумҳурии Миср эълом кард, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар бо Маҳмуди Аббос, риси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ дар бораи таҳаввулоти манотиқи фаластинӣ телефунӣ суҳбат кардааст.

Миср хоҳони таваққуфи ҳамалоти Исроил ва Ҳамос шудааст.

Матолиби муртабит