Исроил "барои ҷанги тулонӣ" алайҳи Ҳамос омода мешавад

  • 8 Июл, 2014
артиши ИсроилImage copyrightReuters
Image caption Воҳидҳои заминии Исроил ба марз бо Ғазза эъзом шуда ва артиш аз эҳтимоли оғози амалиёти заминӣ сухан гуфтааст

Дар ҳоле ки мақомоти исроилӣ аз амалиёти тулонӣ алайҳи мавозеъи Ҳамос дар навори Ғазза сухан гуфтаанд, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ дар мавриди ташдиди даргирӣ ба Исроил ҳушдор додааст.

Аз бомдоди рӯзи сешанбе, 17 тир (8 июл), нерӯи ҳавоии Исроил амалиёти ҳавоӣ алайҳи навори Ғаззаро аз сар гирифта ва ҳамзамон бо ҳамла ба чандин нуқта дар ин бахш аз арозии фаластинӣ, ҳушдор додааст, ки мумкин аст ин амалиёт барои муддате идома дошта бошад.

Муше Яълун, вазири дифоъи Исроил дар баёнияе гуфтааст: "Мо барои ҷанге алайҳи Ҳамос омода шудаем, ки зарфи яку ду рӯз тамом нахоҳад шуд." Артиши Исроил амалиёти ҷорӣ алайҳи навори Ғаззаро "амалиёти лабаи дифоъӣ" номгузорӣ кардааст.

Дар ин баёния омадааст : "Мо таҳаммул нахоҳем кард, ки ба суи шаҳрҳои Исроил мушак шиллик шавад ва барои мутаваққиф кардани мушакпаронӣ омодаем, то амалиёти кунуниро бо тамоми имконоте, ки дар ихтиёр дорем, густариш диҳем ва ҳамчунон ба Ҳамос ҳамла кунем."

Гузоришҳое аз эъзоми воҳидҳои нерӯи заминӣ ба марзи Исроил ва Ғазза интишор ёфта ва вазорати дифоъи ин кишвар аз сокинони манотиқи воқеъ дар чиҳил килуметрии навори Ғазза хостааст то аз паноҳгоҳҳо дур нашаванд. Ҳамчунин аксари мадориси тобистонии воқеъ дар ин маҳдуда, ба истиснои мадорисе, ки дар муҳавватаҳои ҳифозатшуда қарор доранд, таътил шудаанд.

Image copyrightAP
Image caption Манотиқе дар Ғазза ҳадафи ҳамалоти ҳавои сангини Исроил қарор доштааст

Як манбаъи дафтари Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки артиш омодагии онро дорад то "то охири кор" пеш биравад ва афзудааст, ки "ҳамаи гузинаҳо аз ҷумла ишғоли заминӣ рӯйи миз аст." Кобинаи Исроил муҷаввизи эҳзори то чиҳил ҳазор тан аз афроди захираи артишро содир карда, ҳарчанд судури ин муҷаввиз ба маънии он нест, ки ин теъдод афрод лузуман эҳзор хоҳанд шуд.

Шиддати даргирии ахири байни Ҳамос ва артиши Исроил аз замони ҷанги ҳаштрӯза дар соли 2012 собиқа надошта ва мақомоти низомии Исроил низ имкони амалиёти низомӣ дар дохили навори Ғаззаро мардуд донистаанд. Ҳамзамон бо ҳамалоти ҳавоии Исроил ба Ғазза , манобеъи исроилӣ гуфтаанд, ки беш аз дувист мушаки дастсоз аз Ғазза ба дохили хоки Исроил шиллик шудааст.

Image copyrightAFP
Image caption Аббос хостори фишори ҷаҳонӣ бар Исроил шудааст

Буҳрони кунунӣ аз авохири моҳи июн ва бо боздошти садҳо тан аз фаъолони вобаста ба Ҳамос дар каронаи бохтарии руди Урдун оғоз шуд. Ин афрод дар иртибот бо рабудани се навҷавони исроилӣ боздошт шуданд, ки рӯзи 12 июн дар каронаи бохтарии руди Урдун рабуда шуданд ва аҷсоди онон душанбеи гузашта ёфт шуд. Мақомоти исроилӣ гуфтаанд бар асоси шавоҳиде, ки дар даст доранд, гурӯҳи Ҳамос бо ин одамрабоӣ ва қатл иртибот доштааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта низ як навҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ рабуда ва ҷасади ӯ соъоте баъд ёфт шуд. Давлати Исроил то кунун шаш "яҳудии ифротӣ"ро ба занни иртибот бо ин қатл боздошт карда ва нахуствазири Исроил дар мулоқот бо падари навҷавони фаластинӣ ваъда додааст тамомии масъулини ин одамрабоӣ ва қатл боздошт ва муҷозот хоҳанд шуд.

Рабудан ва қатли ин навҷавони исроилӣ, ки зоҳиран ба талофии қатли се навҷавони исроилӣ анҷом шуд, тазоҳуроти густардаи фаластиниёни сокин дар Каронаи Бохтариро дар пай овард, ки бо даргирии байни тазоҳуркунандагон ва маъмурони исроилӣ ҳамроҳ буд. Давлати Исроил маъмулан нисбат ба даргирӣ ва хушунат дар Каронаи Бохтарӣ ҳассосияти бештаре дорад.

Дар вокуниш ба ташдиди ҳамалоти Исроил ба Ғазза, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ хостори таваққуфи фаврии ин ҳамалот шуда ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст Исроилро барои мутаваққиф кардани ин ҳамалот таҳти фишор қарор диҳад.

Матолиби муртабит