Кушта шудани 11 пулиси мисрӣ дар инфиҷори бумб дар шибҳҷазираи Сино
Image copyrightYoutubeМақомоти мисрӣ мегӯянд дастикам ёздаҳ пулис дар инфиҷори бумб дар шибҳҷазираи Сино кушта шудаанд.
Банобар гузоришҳо корвони нерӯҳои пулис дар ҳоли убур аз рустои Вифоқ дар наздикии марзи Ғазза буд, ки инфиҷори бумби кунтрул аз роҳи дур онҳоро ҳадаф қарор дод.
Шибҳнизомиёни тундрав пас аз суқути давлати Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда ҳамалоти худ алайҳи нерӯҳои амниятӣ ва пулисро шиддат бахшидаанд.
Нерӯҳои амниятӣ низ бар алайҳи гурӯҳҳои тундрав дар шимоли шибҳҷазираи Сино вориди амал шудаанд ва шуморе аз ин афродро кушта ё асир кардаанд.
Гурӯҳи Ансори Байтулмуқаддас муҳимтарин гурӯҳи ҷиҳодӣ дар шибҳҷазираи Сино дар чанд иттилоъия кушта шудани чанд тан аз сарони худро дар ин амалиёт таъйид кардааст.
Ин гурӯҳ ҳафтаи пеш бо интишори видиюе хабар дод сари чаҳор ғайринизомии мисриро аз тан ҷудо кардааст. Ҷасади ин чаҳор нафар пеш аз судури баёния пайдо шуда буд.
Дар ин видию мардони ниқобдор дар канори ин чаҳор асир баёнияеро хонданд ва ин афродро муттаҳам карданд, ки ба нерӯҳои иттилоъотии Исроил барои бумборони мавозеъи ин гурӯҳ иттилоъот медодаанд.
Ин видию ба видиюҳое, ки гурӯҳи хилофати исломии Шом ва Сурия (Доъиш) мунташир мекунад, шабоҳат дошт бо ин ҳол тасаввур бар ин ин аст, ки Ансори Байтулмуқаддас иртиботе бо Доъиш надорад.
