Куштори муътаризони мисрӣ "метавонад ҷиноят алайҳи башарият маҳсуб шавад"

  • 12 Август, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Дидабони ҳуқуқи башар хоҳони муҳокимаи мақомҳои мисрии муртабит бо куштор шудааст

Дидабони ҳуқуқи башар саркӯби муътаризони мисрӣ дар тобистони соли гузашта тавассути нерӯҳои амниятӣ ва артишро 'яке аз бузургтарин куштори муътаризон дар тайи як рӯз дар торихи муъосир хондааст.

Ин созмон дар гузорише, ки имрӯз сешанбе, 12 август дар бораи куштори муътаризон ба сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури вақти Миср мунташир карда, мегӯяд беш аз 800 нафар дар атрофи масҷиди Робиъаи Адвия дар рӯзи 12 августи соли 2013 кушта шуданд.

Дидабони ҳуқуқ башар мегӯяд "куштори ҳисобшудаи" маҷмуъан беш аз ҳазор нафар дар он рӯз метавонад "ҷиноят алайҳи башарият" маҳсуб шавад.

Ин гузориш хоҳони муҳокимаи мақомҳои мисрии муртабит бо ин куштор шудааст.

Рӯзи душанбе давлати Миср аз вуруди ду мудири аршади Дидабони ҳуқуқи башар ба ин кишвар ҷилавгирӣ кард.

Кеннет Рос, мудири иҷроӣ ва Соро Лӣ Уитсун, раиси бахши Ховари Миёна ва Офриқои Шимолии Дидабони ҳуқуқи башар қасд доштанд гузориши тозаи ин созмонро дар як нишасти матбуъотӣ дар Қоҳира эълом кунанд.

Аммо масъулони амниятии фурудгоҳи Қоҳира онҳоро 12 соъат боздошт карданд ва ниҳоятан бо парвозе баргардонданд.

"Куштори барномарезишуда"

Таҳқиқоти яксолаи Дидабони ҳуқуқи башар рӯйи шаш тазоҳурот дар моҳҳои июл ва августи 2013 тамаркуз дошт, ки ҳамагӣ тавассути нерӯҳои амниятӣ ва артиш ба фармондиҳии Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳурии феълӣ саркӯб шуд.

Нерӯҳои таҳти амри оқои Сисӣ дар июли соли гузаштаи мелодӣ алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳури Миср, ки ба сурати демукротик интихоб шуда буд, кудето карданд.

Тазоҳуроти муътаризон ба ин кудето ба шиддат саркӯб шуд ва беш аз 1100 кушта ба ҷой гузошт.

Гузориши Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд пулис ва артиши Миср "ба сурати ҳисобшуда" бо муҳимоти ҷангӣ муътаризонро ҳадаф қарор додаанд.

Кеннет Рос мегӯяд ин саркӯб танҳо мавриде аз "тавассул ба зӯри шадид ё омӯзиши заъифи" нерӯҳои пулис ва амниятӣ набуда, балки "саркӯбии хушунатбор" буда, ки аз суи болотарин сутуҳи ҳукуматӣ дар Миср барномарезӣ шуда буд."

Дар он замон давлати Миср ба пулис ва артиш ба хотири иқдомоташ табрик гуфт ва "хештандории" онҳоро сутуд.

Матолиби муртабит