Писарони Муборак аз зиндон озод шуданд
Image copyrightAPРаиси пулиси Миср таъйид кардааст, ки ду писари Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури собиқи Миср аз зиндон озод шудаанд.
Ало ва Ҷамол Муборак бомдоди имрӯз душанбе 26-уми январ, як рӯз баъд аз солгарди қиёми мардумии Миср алайҳи ҳукумати Муборак, аз зиндоне дар ҷануби Қоҳира, пойтахти Миср озод шуданд.
Ҳафтаи гузашта додгоҳе дар Миср раъй ба озодии онҳо, то замони муҳокимаи муҷаддадашон дар иртибот бо иттиҳомоти марбут ба фасоди молиро дод.
Додгоҳ гуфт, ки ду писари Муборак ҳаддиаксар замони муҷоз то пас аз баргузории додгоҳи муҷаддадро дар зиндон сипарӣ кардаанд.
Ҷамол ва Ало Муборак пеш аз ин дар додгоҳе ба ҷаҳор сол зиндон маҳкум шуда буданд.
Ин ду нафар ба ғайр аз иттиҳоми фасод бо иттиҳоми ихтилол дар бозори саҳҳом ҳам рубару ҳастанд.
Падари онҳо Ҳуснӣ Муборак ки аз иттиҳомоти марбут ба мушорикат дар қатли муътаризон табраъа шуд, ҳамчунон барои гузарондани давраи маҳкумияташ бо фасоди молӣ ва ихтилос дар зиндон хоҳад монд.
