Муборак аз иттиҳоми куштори муътаризони мисрӣ табраа шуд
Image copyrightAPДодгоҳе дар Миср Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишварро, аз иттиҳоми мушорикат дар куштори муътаризон дар ҷараёни эътирозоти соли 2011 табраа (пок) кард.
Оқои Муборак ҳамчунин аз иттиҳоми фасоди молии мабнӣ бар содироти гоз ба Исроил табраа шудааст.
Ҳабиб ал-Адлӣ, вазири кишвари собиқ, ҳам аз иттиҳомоти ворида табраа шудааст.
Оқои Адлӣ муттаҳам ба куштори садҳо нафар дар ҷараёни эътирозоти он кишвар дар соли 2011-и милодӣ шуда буд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, чандин нафари дигар аз мақомоти аршади амниятии собиқ ҳам аз иттиҳомоти ворида мубарро (пок) дониста шудаанд.
Гуфта шуда, ки ҳудуди 800 нафар дар ҷараёни эътирозоти соли 2011, ки ба суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак мунҷар шуд (анҷомид), кушта шудаанд.
Ӯ дар соли 2012 ба ҳамроҳи оқои Адлӣ ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар куштани тазоҳуркунандагони мисрӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
Аммо дар январи соли 2013 Девони (додгоҳи) олии Миср дархости таҷдиди назари ин ду нафарро бо истидлолҳои фаннӣ пазируфт ва ба муҳокимаи муҷаддади (дубораи) онҳо раъй дод.
Алорағми табраа аз ин иттиҳомот, оқои Мубораки 86-сола ҳамакнун дар ҳоли гузарондани маҳкумияти сесолаи худ ба иттиҳоми ихтилоси (рабудани) амволи (дороиҳои) умумӣ аст.
