Додгоҳи мисрӣ 188 нафарро ба эъдом маҳкум кард

  • 3 Декабр, 2014
Image copyrightReuters

Беш аз 180 нафар аз ҳаводорони гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар иртибот ба ҳамла ба истгоҳи пулис дар соли 2013 дар наздикии Қоҳира ба марг маҳкум шудаанд.

Он ҳамла дар рӯзе иттифоқ афтод, ки нерӯҳои амниятии Миср ба маҳалҳои таҳассуни ҳаводорони Ихвон дар чанд нуқта юриш бурданд ва чандсад нафарро куштанд.

Миср ба хотири саркӯби хашини ҳаводорони исломгарои Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср мавриди интиқоди шадид қарор доштааст.

То кунун садҳо ҳукми эъдом алайҳи ҳавдорони Ихвонулмуслимин содир шуда, аммо ҳеҷ кадом иҷро нашудааст.

Тозатарин аҳком бояд ба таъйиди муфтии аъзами Миср бирасад. Аҳкоми ниҳоӣ қарор аст рӯзи 24 январ эълом шавад ва пас аз он муттаҳамон имкони дархости таҷдиди назар хоҳанд дошт.

Беш аз 140 нафар аз ин гурӯҳи 188-нафара аз қабл таҳти боздошт будаанд ва боқӣ ба таври ғиёбӣ муҳокима шуданд.

Ин аҳком ба хотири ҳамлае ба истгоҳи пулис дар рустои Кирдоса дар рӯзи 14 августи 2013, ки дар он ҳадди ақал 11 маъмури пулис кушта шуданд, содир мешавад.

Қаблан беш аз 500 нафар ба хотири ҳамлае ҷудогона ба як истгоҳи пулис дар Миниё дар ҳамон рӯз ба эъдом маҳкум шуданд.

Оқои Мурсӣ, ки аз чеҳраҳои аршади Ихвонулмуслимин буд, моҳи июли 2013 дар пайи эътирозоти густардаи умумӣ аз қудрат барканор шуда буд.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи собиқи артиши Миср, ҷонишини ӯ шуд ва ба хотири саркӯби исломгароён башиддат мавриди интиқод қарор гирифт.

Рӯзи сешанбе додгоҳе дигар Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Мисрро аз ҳама иттиҳомоти ворида табраъа кард. Ӯ аз замони суқут дар қиёми соли 2011 таҳти боздошт будааст.

Мунтақидони давлати феълӣ онро ба бозгашт ба шеваҳои мустабидонаи оқои Муборак муттаҳам мекунанд.

Image copyrightAFP

Матолиби муртабит