Керӣ: Барои шикасти Доъиш бо Эрон манофеъи муштарак дорем

  • 26 Феврал, 2015
Image copyrightAP

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дорои "манофеъи муштарак" дар шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" (Доъиш) ҳастанд, аммо машғули ҳамкорӣ дар ин замина нестанд.

Ӯ дар ҷаласа дар Кунгре гуфт: "Онҳо комилан бо Доъиш мухолифанд ва дарвоқеъ вориди набард бо ин гурӯҳ шудаанд ва бо он меҷанганд ва дар тӯли марзи Ироқ наздики Эрон аъзои ин гурӯҳро мекушанд ва нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи сарнивишти минтақа ба хотири Доъиш доранд.

Ӯ гуфт: "Бино бар ин, ҳадди ақал манофеъи муштараке дорем, ҳатто агар машғули ҳамкорӣ набошем."

Баҳс дар бораи ҳамкорӣ ё адами ҳамкории Эрон ва Омрико бар сари муқобала бо Доъиш дар тобистони гузашта, ки ин гурӯҳ дар Ироқ ба пирӯзиҳои муҳимме даст ёфт, боло гирифт.

Дар он замон эътилофе таҳти раҳбарии Омрико алайҳи Доъиш ташкил шуд, ки алайҳи мавозеъи ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия ҳамалоти ҳавоӣ анҷом медиҳад.

Эрон гуфт, ки ҳамкорӣ бо Омрико дар ин замина имконпазир нест ва Омрико ҳам аз даъвати Эрон ба ин эътилоф худдорӣ кард, чун ба гуфтаи вазири хориҷаи Омрико рафтори Эрон аз ҷумла дар Сурия монеъи ин навъ ҳамкориҳо мешавад.

Бо ин ҳол, Борок убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар як мавзеъгирии ғофилгиркунанда дар моҳи сентябр гуфта буд, ки мушкили аслии аъроб Эрон нест.

Ӯ таъкид кард, ки "хабари хуб ин аст, ки барои аввалин бор комилан мушаххас аст, ки мушкилли пеши рӯи давлатҳои суннимазҳаб, ки бисёре аз онҳо муттаҳидони Омрико ҳастанд, Эрон ё мавзӯъи шиъа ва суннӣ нест, балки ифротгароии суннӣ аст, ки худро ба шакли Доъиш нишон дода ва бузургтарин хатари пеши рӯ аст.

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, авосити сентябр гуфта буд, ки Эрон борҳо дархости мақомҳои омрикоӣ барои музокира дар бораи Доъишро рад кардааст.

Ба гуфтаи оқои Хоминаӣ, ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти шибҳинизомиёни "Давлати исломӣ" сафири Омрико дар Ироқ аз сафири Эрон хоста буд, ки Эрон ва Омрико ҷаласае барои музокира ва ҳамоҳангӣ дар мавриди Доъиш дошта бошанд.

Раҳбари Эрон гуфта дар он замон "бархе масъулон ҳам бо ин ҷаласа мухолифате надоштанд, аммо ман мухолифат кардам ва гуфтам, ки дар ин қазия мо бо омрикоиҳо ҳамроҳӣ намекунем, зеро онҳо ният ва дасти олудае доранд.

Омрико ин иддиъоро такзиб кард, бо ин ҳол Ҷен Сокӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико, дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт: "Ин ки мо дар ҳошияи музокироти ҳастаӣ гуфтугӯҳое бо Эрон дар бораи муқобала бо Доъиш доштем, мавзӯъи пинҳонӣ набудааст."

Гузоришҳо ҳокист, ки Эрон дар мубориза бо Доъиш бо давлати Ироқ ҳамкории густардае дорад.

Матолиби муртабит