Эрон 'бузургтарин ҳадафи ҳамалоти тозаи сойберии Омрико'

  • 17 Феврал, 2015
Як маркази ҷамъоварии додаҳои Ожонси амнияти миллии Омрико дар иёлати ЮтоImage copyrightOther
Image caption Як маркази ҷамъоварии додаҳои Ожонси амнияти миллии Омрико дар иёлати Юто

Гузориши тозаи як ширкати амнияти интернетӣ ҳокист, ки дастгоҳҳои иттилоъотии Омрико роҳе барои насби доимии таҷҳизоти таҷассусӣ ва харобкорӣ дар компютерҳо ва шабакаҳои иттилоъотии даҳҳо кишвар, аз ҷумла Эрон ва Русия, ёфтаанд.

Ширкати русии Косперскӣ дар гузориши тозааш мегӯяд гурӯҳе, ки имконоте шабеҳ ба Ожонси амнияти миллии Омрико дар ихтиёр дорад, аз тариқи насби нармафзорҳои махфӣ дар ҳорддиски тавлидии ширкатҳои бузурге, монанди Вестерн Диҷитол, Тушибо ва Сигейт, роҳи таҷассус дар компютерҳои мавриди истифода дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро барои худ ҳамвор кардааст.

Косперскӣ мегӯяд компютерҳои шахсии олуда ба дастикам як нармафзори ҷосусиро дар 30 кишвари ҷаҳон шиносоӣ кардааст.

Ба гузориши ин ширкат, Эрон олудатарин кишвар аст, ки компютерҳо ва шабакаҳои он дар бахшҳои иқтисодӣ, диплумотик ва энержӣ ва ҳамин тур муассисоти таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва мухобирот ҳадаф қарор гирифтааст.

Иртибот бо Истокснет

Косперскӣ басароҳат номе аз кишвари масъули ҳамалоти сойберӣ набурда, аммо гуфтааст, ки ин ҳамалот бо бадафзори Истокснет, ки таҷҳизоти ғанисозии Эронро ҳадаф қарор дод, муртабит аст.

Истокснет бахше аз пружее бузургтар бо исми рамзи "Бозиҳои улампик" буд, ки мушаххас шуд тавассути созмонҳои иттилоъотии Омрико ва Исроил созмондеҳӣ шудааст.

Ба гузориши Косперскӣ, баъд аз Эрон бештарин олудагии сойберӣ дар кишварҳои Русия, Покистон, Афғонистон, Чин, Молӣ, Сурия, Яман ва Алҷазоир дида шудааст.

Руйтерз гузориш дода, ки як корманди собиқи Ожонси амнияти милии Омрико ба ин хабаргузорӣ гуфта ёфтаҳои Косперскӣ саҳеҳ аст ва ин барномаи ҷосусӣ дар ожонс ба андозаи Истокснет арзишманд шинохта мешавад.

Як маъмури собиқи иттилоъотии Омрико ҳам дар гуфтугӯ бо Руйтерз таъйид карда, ки Ожонси амнияти миллии Омрико ба фанноварии пинҳон кардани бадафзори ҷосусӣ дар ҳорддискҳо даст ёфтааст.

Матолиби муртабит