Ҷосусии Ожонси амнияти миллии Омрико аз компютерҳое, ки ба интернет васл нестанд
Image copyrightGettyОжонси амнияти миллии Омрико фановариҳои маҳрамона дар ихтиёр дорад, ки имкони онро медиҳад, то аз компютерҳое, ки ба интернет васл нестанд, ҳам ҷосусӣ кунад.
Рӯзномаи Ню-йурк тоймз ба нақл аз асноди Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъоти маҳрамонаи давлати Омрико навиштааст, ки ин Ожонс сад ҳазор дастгоҳи компютерро ба фиристандаҳои родиюии кучаке муҷаҳҳаз карда буд, то иттилоъоти мавҷуд дар онҳоро ба даст оварад.
Ин рӯзнома гуфтааст, ки дар истифода аз ин равиш артиши Русия, Чин ва кортелҳои маводи мухаддир аз ҷумлаи аҳдофи Ожонси амнияти миллии Омрико будаанд.
Қарор аст Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико рӯзи ҷумъа, 17 январ дар бораи фаъолиятҳои Ожонси амнияти миллии Омрико, ки мояи нигарониҳо шудааст, суханронӣ кунад.
Рӯзномаи Ню-йурк тоймз ба нақл аз манобеъи худ гуфтааст, ки оқои Убомо дар суханронии худ аз барқарории маҳдудиятҳо дар заминаи фаъолиятҳои ин Ожонс хабар хоҳад дод. Оқои Убомо ҳамчунин фардеро барои узвият дар нишастҳои иттилоъоти маҳрамона муъаррифӣ хоҳад кард, ки ҳомии манофеъи мардум бошад.
Ҳамчунин қарор аст назоратҳои дақиқтаре бар фаъолиятҳои ҷосусии хориҷии ниҳодҳои омрикоӣ сурат гирад.
Ню-йурк тоймз навишта, ки Ожонси амнияти миллии Омрико бо насби тахтаи мадор ё кортҳои юсбӣ (USB) дар компютерҳо ин имконро меёфт то бо истифода аз амвоҷи родиюии ирсолӣ иттилоъоти мавҷуд дар компютерҳоро бе он ки ба интернет васл бошанд, ба даст оварад.
Ин фановарӣ агарчи падидаи ҷадиде нест, аммо то кунун хабаре дар мавриди истифода аз он тавассути сервисҳои ҷосусии Омрико мунташир нашуда буд.
Ожонси амнияти миллии Омрико дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, ки ҳадафҳои мавриди назар дар хоки Омрико набуданд.
