Дархости 'Ню-Йурк Тоймз' ва 'Гордиян' барои бахшудагии Иснувден

  • 3 Январ, 2014
Иснувден
Image caption "Гордиян" ва "Ню-Йурк Тоймз" иттилоъоти ифшошуда ба василаи Иснувденро мунташир карданд

Рӯзномаҳои "Ню-Йурк Тоймз" ва "Гордиян" бо интишори сармақолаҳои ҷудогона хоҳони бахшудагии Эдворд Иснувден ва бозгашти ӯ ба Омрико шудаанд.

Ба навиштаи ин ду рӯзнома, аз оқои Иснувден бояд ба хотири ифшогариҳояш тақдир шавад ва набояд ӯро муҷозот кард.

Эдворд Иснувден, корманди собиқи Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико ва паймонкори пешини Созмони амнияти миллии ин кишвар, дар пайи ифшои иттилоъоти марбут ба тарҳҳои фавқи маҳрамонаи гирдоварии муколимоти диҷитоли шаҳрвандон аз Иёлоти Муттаҳида гурехт ва дар ҳоли ҳозир дар Русия зиндагӣ мекунад.

Рӯзномаҳои "Гордиян", чопи Бритониё, ва "Ню-Йурк Тоймз", чопи Омрико, аз дарёфткунандагони аслии иттилоъоти ифшошуда ба василаи оқои Иснувден будаанд.

Рӯзномаи "Ню-Йурк Тоймз" дар мақолаи худ навишт: "Бо дар назар гирифтани арзиши фавқулъода зиёди иттилоъоти ошкоршуда ба василаи ӯ ва ифшогариҳояш аз сӯиистифодаи суратгирифта аз қудрат истеҳқоқи (подоши) оқои Иснувден бештар аз табъиди доимӣ, тарс ва фирор аст."

"Гордиян" низ ибрози умедворӣ кардааст, ки афроди маъқул дар давлати Убомо дар пайи роҳкоре барои бозгашти иззатмандонаи Эдворд Иснувден ба Омрико бошанд.

Сармақолаи ин рӯзнома ҳамчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки Борок Убомо аз ихтиёроти худ ба гунае истифода кунад, ки наҳваи бархӯрд бо оқои Иснувден ба намунаи дурахшоне аз аҳаммияти ифшогарӣ ва озодии баён табдил шавад.

Ин рӯзнома навиштааст, ки баъид медонад, ки Борок Убомо Эдворд Иснувденро афв кунад.

Мудирони ҳар ду нашрия ҳамзамонии интишори ин ду мақоларо тасодуфӣ унвон кардаанд.

Алан Росбриҷер, сардабири "Гордиян", дар посух ба суоле дар ин бора гуфтааст, ки ин иттифоқ комилан тасодуфӣ будааст.

Эдворд Иснувден, ки ба таври расмӣ ба ҷосусӣ ва сирқати асноди давлатӣ муттаҳам шудааст, дар ҳоли ҳозир дар Русия ба сар мебарад.

Ӯ пештар барои сафар ба Омрикоҷи Ҷанубӣ иқдом карда буд, вале талошаш муваффақиятомез набуд.

Мақомҳои омрикоӣ ва вакили Эдворд Иснувден дар Русия ба ин дархости рӯзномаҳои "Ню-Йурк Тоймз" ва "Гордиян" вокуниш нишон надодаанд.

Матолиби муртабит