Ожонси амнияти миллии Омрико эҳтимоли афви Иснувденро баррасӣ мекунад

Ожонси амнияти миллии Омрико эҳтимоли додани афв ба Эдворд Иснувден, паймонкори собиқи ин ожонсро ба шарти маҳфуз нигаҳ доштани бақияи иттилоъоти сиррӣ баррасӣ хоҳад кард.
Ричорд Леҷет, фарде ки масъули расидагӣ ба парванда ифшогарӣ аст, мегӯяд дар мавриди афви Иснувден рӯйкарди боз нишон хоҳад дод.
Эдворд Иснувдени 30 сола дар моҳи июни соли ҷорӣ пас аз ифшои амалиёти густардаи ҷамъоварии иттилоъоти Омрико аз тариқи тамосҳои телефунӣ ва интернет ба Русия фирор кард.
Вай бо дарёфти паноҳандагии муваққат иҷоза ёфта то тобистони соли оянда дар Русия зиндагӣ кунад.
Ифшогарии Иснувден густардагии фаъолиятҳои ҷосусии Ожонси амнияти миллии Омрикоро бармало кард.
Оқои Леҷет дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизиюнии Сибиэс (CBS) дар бораи эҳтимоли тавофуқе, ки мунҷар ба афви Иснувден шавад, суҳбат кард.
Ожонси амнияти миллии Омрико дар ростои талошҳояш барои ироаи тасвире беҳтар аз амалиёти худ барои аввалин бор аз торихи таъсиси худ тими филмбардории Сибиэсро ба мақари ин созмон роҳ дод то мусоҳибаи мазкур бо оқои Леҷет анҷом шавад.
Ӯ дар ин бора гуфт: "Назари шахсии ман ин аст, ки музокира дар бораи ин мавзуъ арзиш дорад."
Ӯ таъкид кард: "Ман бояд итминон дошта бошам, ки бақияи иттилоъот маҳфуз боқӣ хоҳад монд ва меъёре, ки барои ҷалби итминони ман вуҷуд дорад, бисёр боло аст, танҳо ба ваъдаҳо ва таъкидоти ӯ (Иснувден) иктифо нахоҳам кард."
Аммо женерол Кейт Олександер, раиси ожонс, ки дар авоили соли ояндаи милодӣ бознишаста мешавад, ба шиддат бо афви Иснувден мухолиф аст.
Ба гуфтаи ӯ: "Ин як гаравгонгирии қобили муқоиса аст. Масалан як нафар 50 нафарро гаравгон бигирад, 10 нафар аз ононро бикушад ва баъд бигӯяд агар ба ман афви комил диҳед, ман 40 нафари дигарро озод мекунам. Шумо он вақт чӣ кор мекунед?"
Оқои Леҷет пештар дар гуфтугӯе бо хабаргузории Руйтерз дар мавриди бақияи иттилоъоти сиррӣ, ки дар дастраси оқои Иснувден аст, ибрози нигаронӣ карда буд.
Гуфта мешавад ҳудуди як миллиюну ҳафтсад ҳазор санад ва мадраки сиррӣ дар дастраси оқои Иснувден аст, ки ҳанӯз ҳаҷми зиёде аз он фош нашудааст.
Оқои Леҷет ба Руйтерз гуфт: "Ифшогарии Иснувден ожонси амнияти миллиро комилан мутаҳаввил кард."
Дар авоили моҳи ҷорӣ як рӯзномаи бритониёӣ ба аъзои порлумони ин кишвар гуфт, ки танҳо як дарсад аз асноде, ки оқои Иснувден дарз дода, дар рӯзнома чоп шудааст.
Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, ки мавзеи худро дар қиболи оқои Иснувден тағйир нахоҳад дод ва ӯ бояд барои рӯбарӯ шудан бо иттиҳомоташ ба Омрико бозгардад.
Омрико оқои Иснувденро ба дуздии дороиҳои давлат, мукотиботи ғайримуҷоз дар мавриди иттилоъоти умури дифоъӣ ва анҷоми мукотиботи ғайримуҷоз дар мавриди иттилоъоти сиррӣ муттаҳам кардааст.
Маҳкум шудан ба ҳар кадом аз ин иттиҳомот ҳадди аксар 10 соли зиндон ба ҳамроҳ дорад.
