Ифшогарии Иснувден: Иҷозаи Бритониё ба Омрико барои дастрасӣ ба имейлҳои шаҳрвандон

  • 21 Ноябр, 2013
Эдворд Иснувден
Image caption Эдворд Иснувдени сисола дар моҳи июни соли ҷорӣ пас аз ифшои амалиёти густардаи ҷамъоварии иттилоъоти Омрико аз тариқи тамосҳои телефунӣ ва интернет ба Русия фирор кард

Бар асоси гузоришҳо давлати Бритониё пас аз соли 2007 ба Ожонси амнияти миллии Омрико (NSA) иҷоза дода буд ба шумораи телефунҳо ва одресҳои имейли шаҳрвандони оддии Бритониё дастрасӣ дошта бошад.

Коноли 4 телевизиюни Бритониё ва рӯзномаи Гордиян дар гузорише, ки мунташир кардаанд, мегӯянд, ки дар бархе аз қавонини Бритониё дар соли 2007 тағйироте эъмол шуд, то бар асоси он Омрико битавонад иттилоъоти марбут ба шаҳрвандони оддии бритониёиро, ки ҳатто муртакиби амали муҷримона нашуда буданд, дар ихтиёр дошта бошад.

Гузориши ин расонаҳои Бритониё бар асоси иттилоъоти Эдворд Иснувден мунташир шудааст. Оқои Иснувден, ки аз кормандони Ожонси амнияти миллии Омрико буд, иттилоъотеро дар бораи фаъъолияти иттилоъотии ин ожонс мунташир кард, ки ба бурузи танишҳо байни Омрико ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мунҷар шудааст.

Вазорати хориҷаи Бритониё дар хусуси гузоришҳои ахири ин ду расонаи бритониёӣ гуфтааст, ки нисбат ба чунин "ҳадсиёте" вокуниш нишон намедиҳад.

Бар асоси қарордоди мубодилаи иттилоъотӣ байни Омрико ва Бритониё, ки 80 сол пеш ба имзо расид, ду кишвар бидуни иҷозаи мақомоти якдигар наметавонанд ба чунин иттилоъоте дастрасӣ дошта бошанд.

Ба ин тартиб то пеш аз соли 2007 агар Омрико дар амалиёте ба огоҳӣ аз шумораи телефун ва ё одреси имейли як шаҳрванди бритониёӣ ниёз дошт, бидуни иҷозаи мақомоти Бритониё қодир ба дастрасӣ ба ин иттилоъот набуд.

Аммо бар асоси тағйироте, ки дар соли 2007дар қавонини Бритониё эъмол шуд, Омрико иҷоза ёфт ба чунини иттилоъоте бо ҳадафи "иттисоли тамосҳо" дастрасӣ пайдо кунад, ба ин мафҳум ки метавонистааст онҳоро таҳлил кунад ва иртиботи онҳоро бо дигар шумораҳои телефун ва ё имейлҳо баррасӣ кунад.

Албатта Гурдун Куреро, хабарнигори умури амниятӣ дар Би-би-сӣ мегӯяд, ки бархурдории Омрико аз ин қобилият ба мафҳуми тавоноӣ дар хондани имейл набудааст ва барои хондани онҳо ҳануз ба иҷозаи мақомоти Бритониё ниёз аст.

Аммо хабарнигори Би-би-сӣ изофа мекунад, ки имконоти ироашуда ба давлати Омрико саволотеро дар хусуси ангезаи ин тасмим ва ҳамчунин ин мавзуъ мунҷар мешавад, ки шаҳрвандони бритониёӣ то чӣ андоза ҳақ доранд, ки аз чунин барномаҳо огоҳӣ дошта бошанд.

Эдворд Иснувдени сисола дар моҳи июни соли ҷорӣ пас аз ифшои амалиёти густардаи ҷамъоварии иттилоъоти Омрико аз тариқи тамосҳои телефунӣ ва интернет ба Русия фирор кард.

Вай бо дарёфти паноҳандагии муваққат иҷоза ёфтааст то тобистони соли оянда дар Русия зиндагӣ кунад.

Матолиби муртабит