Омрико "ирсоли силоҳ" барои давлати Укройнро баррасӣ мекунад
Image copyrightReutersБа гузориши расонаҳои омрикоӣ давлати ин кишвар дар ҳоли баррасии масъалаи ирсоли силоҳ барои кумак ба давлати Укройн дар набард бо шӯришиёни мусаллаҳи ҳаводори Русия дар шарқи ин кишвар аст.
Бино ба гузоришҳо, мақомҳои омрикоӣ дар ҳоли баррасии гузинаи ирсоли таслиҳоти дифоъӣ ва соири таҷҳизоти маргбор ҳастанд, дар ҳоле ки кумакҳои Омрико то кунун фақат ба таҷҳизоти ғайримаргбор мисли моск маҳдуд буд.
Давлати Омрико то кунун тасмиме барои тағйири сиёсаташ нагирифтааст, аммо сухангӯйи Бернодет Миҳан, сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллӣ гуфт, ки Омрико "бевақфа дар ҳоли арзёбии" мавозеъаш дар иртибот бо Укройн аст.
Ин гузоришҳо ҳамзамон бо шиддат гирифтани набардҳо дар шарқи Укройн мунташир мешавад.
Ба гуфтаи Ҷон Супел, дабири ахбори Омрикои Шимолии Би-би-сӣ , Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, дар ибтидо қотеъона бо додани силоҳ ба давлати Укройн мухолифат мекард, то боъиси бурузи ҷанги ниёбатии миёни Омрико ва Русия нашавад, аммо ҳоло зоҳиран дар ҳоли тағйири мавзеъ аст.
Ню-Йурк Тоймз дар гузорише дар рӯзи душанбе навишт, ки ғайримуассир будани кумакҳои ғайрикушторӣ ва ҳамчунин таҳримҳои Омрико дар ҷилавгирӣ аз кумаки Русия ба шӯришиён боъиси баррасии муҷаддади сиёсати Омрико шудааст.
Си-эн-эн ҳам гузориш дод, ки ин кумакҳо метавонад шомили системҳои зиддитонк, зиддиҳавоӣ ва зиддихумпора бошад.
Як мақоми омрикоӣ ҳам, ки нахост номаш фош шавад, ба Руйтерз гуфт, ки идеи ирсоли кумакҳои маргбори дифоъӣ мавзуъи баррасиҳои тоза аст.
Ба навиштаи Ню-Йурк Тоймз мақомҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки женерол Филип Бредлов, фармондеҳи низомии Ноту, акнун аз ироаи кумаки низомӣ ба Укройн ҳимоят мекунад.
Бино ба ин гузориш, бо шикастҳои ғофилгиркунандаи нерӯҳои давлатии Укройн дар ҳафтаҳои ахир Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, омодааст дар боздиди рӯзи панҷшанбе аз Киев дар бораи ироаи таҷҳизоти маргбори низомӣ бо ин кишвар суҳбат кунад.
Ба гузориши Ню-Йурк Тоймз ҳарчанд Борок Убомо ҳанӯз дар ин маврид тасмим нагирифта, аммо мушовирони амнияти миллии Омрико акнун омодаи баррасии мавзӯъ ҳастанд.
Хонуми Миҳан рӯзи душанбе гуфт: "Ҳарчанд мо бар ёфтани роҳи ҳалле бо истифода аз шеваҳои диплумотик тамаркуз дорем, аммо ҳамеша дар ҳоли арзёбии соири гузинаҳое, ки ба эҷолди фазо барои роҳи ҳалле мубтанӣ бар музокира кумак мекунад, ҳастем."
Як мақоми омрикоӣ ҳам ба хабргузории Оссушиэйтед Пресс гуфт, ки тасмимгирӣ дар ин маврид қарибулвуқӯъ нахоҳад буд, аммо шуъла кашидани хушунатҳо дар ҳафтаҳои ахир боъис шуда Омрико дубора сиёсаташро арзёбӣ кунад.
Ҳамзамон Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, гуфтааст, ки кишвараш ҳеҷ кумаке ироа нахоҳад кард ва афзуд, ки ҳамчунон аз абзори таҳрим ва диплумосӣ истифода мекунад. Ӯ гуфт: "Ин буҳронро наметавон аз тариқи низомӣ ҳал кард."
