Мубодилаи зиндониён байни давлат ва шӯришиён дар Укройн
Image copyrightEPAШӯришиёни мухолифи давлат дар ҳаволии шаҳри Дунетск дар шарқи Укройн мубодилаи даҳҳо зиндониро бо давлати он кишвар оғоз кардаанд.
Давлати Укройн таъйид кардааст, ки 146 нафар аз сарбозонаш, ки дар ихтиёри мухолифон буданд, шомгоҳи рӯзи ҷумъаи 26 декабр озод шудаанд. Чаҳор сарбози дигар ҳам рӯзи шанбе озод мешаванд.
Ҳанӯз рақами дақиқи зиндониёне, ки давлат дар изои ин сарбозон озод карда, эълом нашудааст, вале гуфта мешавад, ки теъдоди онҳо беш аз 220 нафар будааст.
Хабаргузории РИА Новости гузориш карда, ки табодули зиндониён дар ҳудуди 35 килуметрии шимоли шаҳри Дунетск анҷом шудааст.
Дар тасовири таъйиднашудае, ки дар Твитер мунташир шуд, радифи мардоне дида мешавад, ки либоси ғайринизомӣ ба тан доранд ва дар якҷодда истодаанд, дар ҳоле ки мардоне мусаллаҳ онҳоро зери назар доранд.
Озодии ин зиндониён бахше аз тавофуқи дуҷонибаи ду тараф дар моҳи сентябр буд. Дар чорчӯби ин тавофуқ ду тараф бо барқарории оташбас мувофиқат карданд, ҳарчанд даргирӣ дар бахшҳое аз Укройн ҳамчунон идома доштааст.
Гузориш шудааст, ки шӯришиён дар шаҳри Луҳонск ҳам рӯзи ҷумъаи 26 декабр се сарбози артиши Укройнро, ки дар ихтиёр доштанд, озод кардаанд.
Ҳамзамон, Укройн масири утубусҳо ва хутути оҳан байни он кишвар ва Кримеро масдуд кардааст. Криме дар ҷануби Укройн дар моҳи март (ҳудуди нуҳ моҳ пеш) ва пас аз баргузории як ҳамапурсӣ замимаи Русия шуд.
Дар пайи иҷроӣ шудани даври ҷадиди таҳримҳои Омрико, ширкатҳои Визо ва Мастеркорт, ду ширкати бузурги фароҳамгари хадамоти кортҳои эътиборӣ, рӯзи ҷумъаи 26 декабр эълом карданд, ки дигар хадамоти худро барои кортҳои бонкии мавриди истифода дар Криме ироа намедиҳанд.
Ҳафтаи гузашта Белорус мизбони музокироти сулҳи ду тарафи даргир дар Укройн буд, вале ин гуфтугӯҳо бидуни натиҷа ба поён расид.
То кунун наздик ба 4700 нафар ҷони худро дар даргириҳои шарқи Укройн аз даст додаанд.
