Нигаронии Омрико ва Урупо аз таҷҳизи дубораи ҷудоиталабон дар Укройн
Image copyrightAPКохи Сафед ва Иттиҳодияи Урупо нисбат ба он чи таҷҳиз ва сафороии дубораи ҷудоиталабон дар шарқи Укройн хонда шуда, изҳори нигаронӣ карда ва гуфтаанд ин мавзӯъ метавонад таҳдиде барои оташбаси ҷорӣ миёни тарафайни даргир талаққӣ шавад.
Рӯзи якшанбеи нуҳуми ноябр аз шарқи Укройн ва ҳаволии шаҳри Дунетск радду бадал шудани оташи сангин гузориш шудааст.
Ҳамзамон нозирон ва хабарнигорони ҳозир дар минтақа гуфтаанд шоҳиди убури корвонҳои бидуни нишон аз таслиҳоти сангини низомӣ дар атрофи Дунетск будаанд.
Русия ирсоли таҷҳизот барои ҷудоиталабон дар шарқи Укройнро рад мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Федерико Мугринӣ, масъули ҷадиди сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Урупо, гуфта гузоришҳои ҷадиди ирсолшуда аз Укройн "нигаронкунандаанд."
"Гузориши ҳайъати вижаи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо аз Укройн, ки мегӯяд корвоне аз тонк, силоҳҳои сангин ва нерӯҳои низомии бидуни нишон аз манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён дар шарқ ба сӯйи Ғарб равона шудаанд, ҳокӣ аз таҳаввулоти бисёр нигаронкунанда дар ин кишвар аст."
Кохи Сафед ҳам ҳушдор додааст, ки ҳар гуна талош аз сӯйи ҷудоиталабон барои тасарруфи манотиқи бештар "нақзи ошкори оташбасе, ки сентябри гузашта дар Минск (Белорус) ба имзо расид, талаққӣ хоҳад шуд."
Сухангӯйи кумитаи амнияти миллии Кохи Сафед гуфта: "Мо аз боло гирифтани дубораи даргириҳо дар шарқи Укройн ва ҳамчунин дарёфти гузоришҳои мутаъаддид, ки аз ҳаракати корвонҳои ҷудоиталабон мавриди ҳимояти Русия, ки ҳовии таслиҳоти сангин ва тонк аст, ба сӯйи хатти муқаддами даргирӣ дар ҳаракатанд, башиддат нигаронем."
Мо ба талошҳои худ барои даъват аз тарафайн ҷиҳати ҳифзи оташбас идома медиҳем. Ҳар гуна талош аз сӯйи ҷудоиталабон барои тасарруф ва кунтрули манотиқи ҷадид нақзи ошкори оташбаси Минск хоҳад буд."
Аз замони оғози даргириҳо дар шарқи Укройн дар апрели гузашта, ки бо ишғоли ду шаҳри Луҳонск ва Дунетск шиддат гирифт, беш аз 4000 нафар ҷон бохтаанд.
Бо ин ки аз таърихи 5 сентябр то кунун миёни артиш ва шӯришиён расман оташбас барқарор будааст, даргириҳои мавзеъӣ амалан идома дошта ва аз он замон то кунун беш аз 100 нафар дар даргириҳои миёни ду тараф кушта шудаанд.
Артиши Укройн аз чаҳор рӯз пеш Дунетскро зери оташи тӯпхона доштааст, аммо оташбори ахир шадид гузориш шудааст.
