Буҳрони Укройн: Бумборони сангини шӯришиён дар шаҳри Дунетск
Image copyrightEPAШаҳри Дунестк дар шарқи Укройн, ки дар кунтрули шӯришиёни рустабори укройнӣ аст, шаби гузашта ҳадафи оташбори сангини тӯпхона қарор доштааст.
Бар асоси гузоришҳои расида артиш ва шӯришиён барои муддати наздик ба ҳашт соъат мавозеъи якдигарро зери оташ доштанд.
Давлати марказии Укройн мегӯяд шӯришиён, ки манотиқи густардае аз шарқи кишварро таҳти кунтрул доранд, аз Русия таҷҳизоти низомӣ дарёфт кардаанд.
Русия иттиҳоми ирсоли таҷҳизоти низомӣ барои шӯришиёнро рад мекунад, вале изъон доштааст, ки шаҳрвандони он кишвар аз ҷумла сарбозоне, ки дар мураххасӣ ба сар мебурданд, дар канори шӯришиён ҷангидаанд.
Аз замони оғози ҷанги дохилӣ дар Укройн дар моҳи апрел ва тафаввуқи шӯришиён дар манотиқи Дунестк ва Луҳонск беш аз 4000 нафар дар Укройн ҷони худро аз даст додаанд.
Бо ин ки аз торихи 5 сентябр то кунун миёни артиш ва шӯришиён расман оташбас барқарор будааст, даргириҳои мавзеъӣ амалан идома дошта ва аз он замон то кунун беш аз 100 нафар дар даргириҳои ду тараф кушта шудаанд.
Артиши Укройн аз чаҳор рӯз пеш Дунесткро зери оташи тӯпхона доштааст, аммо оташбори шаби гузашта бисёр шадид будааст.
Ҳанӯз гузорише аз теъдоди қурбониёни эҳтимолӣ ба даст нарасидааст.
Созмони амният ва ҳамкории Урупо гуфтааст нозирони он созмон дар манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён силоҳи сангин дидаанд ва дар ҷануби ғарби шаҳри Дунестк ҳам 9 тонк мушоҳида шудааст.
Шӯришиён дар Дунестк ва Луҳонск якшанбеи гузаштаи интихоботи умумӣ баргузор карданд, ки ба интихоби Олексондр Зохоршенку ба раёсати ҷумҳурии мардумии Дунестк ва Игор Плотнитскӣ ба раёсати ҷумҳурии мардумии Луҳонск анҷомид.
Русия алорағми мухолифати давлати марказии Укройн ва муттаҳидони ғарбии он натиҷаи ин ду интихоботро ба расмият шинохтааст.
