Интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии ҷудоиталабони Укройн

  • 2 Ноябр, 2014
Image copyrightOther
Image caption Омода шудани як сандуқи ахзи раъй дар минтақаи Луҳонск

Шӯришиёни рустабор дар шарқи Укройн имрӯз дар манотиқи таҳти кунтрули худ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ баргузор мекунанд.

Интихобот дар ду ноҳияи Дунетск ва Луҳонск баргузор мешавад, ки ҷудоиталабони рустабор пештар дар онҳо ҳамапурсии истиқлол аз Укройн баргузор карда буданд ва акнун "ҷумҳурии мардумӣ" хитоб мешаванд.

Раҳбарони шӯришиёни ҷудоиталаб гуфтаанд, ки се миллиюн баргаи раъй барои интихобот чоп ва омода шудаанд, ки порлумон ва руасои ҷумҳури Дунетск ва Луҳонскро таъин хоҳад кард.

Румон Лёгин, раиси кумиссиюни интихоботи минтақаи Дунетск гуфтааст аҳамияти баргузории интихобот дар ин аст, ки ба қудрати давлатҳои маҳаллӣ машруъият мебахшад ва фосилаи онҳоро аз давлати марказии Укройн дар Киев бештар мекунад.

Интизор меравад, ки александр Зохоршенку, раиси давлати муваққат дар Дунетск барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии он минтақа бошад ва Игор Плоститскӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Луҳонск аксарияти ороро касб кунад.

Давлатҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки интихоботро ғайриқонун талаққӣ мекунанд ва натоиҷи онро ба расмият нахоҳанд шинохт.

Интихоботи саросарии Укройн дар манотиқи таҳти кунтрули давлати марказӣ ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Тарафдорони Русия интихоботи ҳафтаи гузаштаро таҳрим карданд ва натиҷаи он тақвияти мавзеъи гуруҳҳои миллигаро, аз ҷумлаи миллигароёни ифротӣ ва ҳамчунин тарафдори Ғарб дар ҳукумати марказии Укройн буд.

Бо афзоиши даргирҳо дар минтақаи шарқии Укройн миёни шӯришиёни ҷудоиталаб ва низомиёни вобаста ба давлати марказӣ алорағми эъломи оташбас дар моҳи сентябр, ҳади ақал ҳафт сарбози укройнӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар даргирӣ бо ҷудоиталабон кушта шуда ва даҳ сарбози дигар захмӣ шуданд.

Аз замони оғози даргириҳо миёни шӯришиёни тарафдори Русия ва давлати марказии Укройн аз моҳи апрели гузашта то кунун беш аз 3700 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Матолиби муртабит