Даргириҳо дар муқобили сохтмони порлумони Укройн

  • 14 Октябр, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Тазоҳуркунандагони хостори ба расмият шинохтани Артиши муқовимати Укройн

Дар муқобили порлумони Укройн миёни нерӯҳои интизомӣ ва тазоҳуркунандагон даргирӣ рух додааст. Тазоҳуркунандагон тақозо доранд, ки Артиши муқовимати Укройн ба расмият шинохта шавад.

Хабарнигори Би-би-сӣ, ки дар дохили сохтмони порлумон қарор дорад, мегӯяд тазоҳуркунандагон ба панҷараҳои сохтмони порлумон куктейл Мулутуф партоб мекунанд.

Ҳамчунин тазоҳуркунандагон ба суи сохтмони порлумон норинҷакҳои савтӣ ва васоили дудзо партоб мекунанд.

Рӯзи 14 октябр ба шаҳрдории Киев шаш дархост барои баргузории таҷаммуъоти умумӣ дар маркази ин шаҳр бо ширкати 30 ҳазор нафар ироа шудааст.

Александр Турчинов, раиси порлумони Укройн аз тазоҳуркунандагон хостааст назмро риъоят кунанд ва ба кори порлумон ихлол ворид накунанд.

Намояндагони порлумони Укройн дар иҷлоси рӯзи сешанбеи худ баррасии тарҳи қонун дар бораи ба расмият шинохтани фаъъолияти "Созмони миллигароёни Укройн - Артиши муқовимати Укройн" ба унвони мубориза барои истиқлоли Укройн дар замони ҷанги ҷаҳонии дувумро рад карданд.

Матолиби муртабит