Интихоботи порлумонии пеш аз мавъид дар Укройн баргузор шуд
Image copyrightReutersМардуми Укройн барои мушорикат дар интихоботи порлумонии пеш аз мавъид ба пои сандуқҳои раъй мераванд.
Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн дар талош барои тағйири ҷиҳати ҳаракати сиёсии кишвари худ дастури баргузории интихоботи ҷадидро дода буд.
Бо ин ҳол нерӯҳои низомии давлатӣ дар шарқи Укройн ҳамчунон бо шӯришиёни тарафдори Русия дар набард ҳастанд.
Ҳудуди се миллиюн раъйдиҳанда дар манотиқи шарқии Дунетск ва Луҳонск, ки таҳти кунтрули шӯришиён ҳастанд дар интихобот ширкат нахоҳанд кард.
Шӯришиёни рустабор гуфтаанд, ки дар манотиқи таҳти кунтрули худ дар моҳи оянда интихобот хоҳанд дошт.
Русия ҷараёни гози худ ба Укройнро дар моҳи июли гузашта ба далели бидеҳиҳои он кишвар ба Русия баст.
Иқтисоди Укройн дар ҳоли суқут аст ва пешбинӣ шудааст, ки тавлиди нохолиси дохилӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта байни 7 дарсад то 10 дарсад камтар тахмин зада шудааст.
Давлати Укройн умедвор аст бо тазъиф шудани аҳзоби тарафдори Русия дар асари ҳаводиси ахир баргузории интихоботи пеш аз мавъид сабот ва масири сиёсии ҷадиде барои он кишвар ба ҳамроҳ оварад.
Порлумони Укройн 450 курсӣ дорад, аммо курсиҳои мутаъаллиқ ба манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён ва ҳамчунин шибҳҷазираи Кириме холӣ хоҳанд монд.
Аз замони сарнагунии давлати Виктур Ёнукович дар моҳи феврали гузашта ҳудуди 3700 нафар дар даргирҳои сиёсии Укройн ҷон бохтаанд.
Бо ин ки давлат ва шӯришиён дар торихи панҷуми сентябр расман эъломи оташбас карданд, ҳудуди 300 нафар аз он замон то кунун дар мунозиъоти мусаллаҳона миёни ду тараф кушта шудаанд.
