Интихоботи порлумонии Укройн; талоши раиси ҷумҳурӣ барои эътилоф
Image copyrightReutersБо оғози шумориши аввалияи орои интихоботи саросарии Укройн, ки аз ба даст овардани бештарин курсиҳо тавассути ҳизби Петру Пурушенку, раиси ҷумҳур, ҳикоят дорад, оқои Пурушенку гуфтааст, ки қасд дорад барои эътилоф вориди музокира шавад.
Ба гуфтаи ӯ ин музокирот мумкин аст то 10 рӯз тӯл бикашад ва эҳтимолан "Ҷабҳаи мардум" таҳти раҳбарии Арсений Ятсенюк, нахуствазир, аз аҳзоби аслӣ дар ин эътилоф хоҳад буд.
Ба назар мерасад, ки аҳзоби тарафдори Ғарб бештарин курсиҳо дар порлумонро аз они худ кунанд.
Натиҷаи расмии ин интихобот дар соъоти ояндаи рӯзи душанбе мунташир хоҳад шуд.
Ин аввалин интихобот аз замони инқилоби феврали гузаштаи Укройн аст, ки ба суқути давлати Виктур Ёнукович анҷомид ва ба буҳрони амиқ ва хашине бо Русия, ҳамсояи шарқии ин кишвар, доман зад.
Оқои Пурушенку барои анодхтани Укройн ба масире тоза пас аз буҳронҳои як соли гузашта хоҳони баргузории интихоботи зудҳангом шуд.
Бо ин ҳол, се милюн нафар дар ду устони шарқӣ, ки даргирӣ бо ҷудоиталабон ҳаводори Русия дар онҳо идома дорад, макони раъй додан надоштанд.
Ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Дунетск ва Луҳонск қасд доранд моҳи оянда интихоботи ҷудогонае баргузор кунанд.
Як милюну 800 ҳазор нафар сокини Криме, ки Русия онро дар моҳи март ба хоки худ замима кард, низ дар интихобот ширкат накарданд.
Бинобар ин вазъияти 27 курсӣ аз 450 курсӣ дар порлумон номушаххас аст.
Аз замони сарнагунии давлати Виктур Ёнукович дар моҳи феврали гузашта ҳудуди 3700 нафар дар даргирҳои сиёсии Укройн ҷон бохтаанд.
Бо ин ки давлат ва шӯришиён дар таърихи панҷуми сентябр расман эъломи оташбас карданд, ҳудуди 300 нафар аз он замон то кунун дар мунозиъоти мусаллаҳона миёни ду тараф кушта шудаанд.
