Кобинеи амниятии Укройн нишасти изтирорӣ баргузор мекунад

  • 4 Ноябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Петру Пурушнеку рӯзи душанбе дар нутқе миллӣ гуфт, ки раъйгирии дувуми ноябр дар Дунетск ва Луҳонск "намоише масхараомез ба зӯри туфанг" буд ва рабте ба баёни раъйдиҳандагон надошт

Дар пайи баргузории интихобот дар навоҳии таҳти кунтрули шӯришиёни наздик ба Маскав дар шарқи Укройн, тими амнияти миллии Укройн базудӣ ҷаласае изтирорӣ ба сарпарастии раиси ҷумҳури ин кишвар баргузор хоҳад кард.

Петру Пурушенку дар нутқе телевизиюнӣ гуфт, ки раъйгирии рӯзи якшанбе дар навоҳии Дунетск ва Луҳонск метавонад "кулли фароянди сулҳро аз хат хориҷ кунад."

Ду сиёсатмадори ҳаводори Русия барандагони раъйгирии поёни ҳафта эълом шуданд ва интизор меравад сешанбе савганд ёд кунанд.

Ғарб мегӯяд, ки ин интихобот ғайриқонунӣ буд, аммо Русия аз онҳо ҳимоят кардааст.

Аз моҳи апрел то кунун беш аз чаҳор ҳазор нафар дар набардҳо миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Укройн кушта шудаанд.

Укройн Русияро ба мусаллаҳ кардани шӯришиён ва эъзоми мукаррари сарбозони рус ба дохили хоки ин кишвар муттаҳам мекунад, иттиҳоме, ки Маскав рад мекунад.

Аз панҷуми сентябр як оташбас барқарор будааст, аммо ҳар ду тараф мукарраран онро нақз кардаанд.

Даргириҳо дар шарқи Укройн як моҳ пас аз инзимоми нимҷазираи Кримеи Укройн ба хоки Русия шурӯъ шуд.

"Интихоботи тақаллубӣ"

Image copyrightAFP
Image caption Русия гуфт, ки "ба иродаи мардум" дар интихобот эҳтиром мегузорад

Петру Пурушнеку рӯзи душанбе дар нутқе миллӣ гуфт, ки раъйгирии дувуми ноябр дар Дунетск ва Луҳонск "намоише масхараомез ба зӯри туфанг" буд ва рабте ба баёни раъйдиҳандагон надошт.

Ӯ таъкид кард, ки Укройн ҳаргиз раъйгирӣ дар ин ду ҷумҳурии худмухтори шӯришиёнро ба расмият намешиносад.

Оқои Пурушнеку, раиси ҷумҳури Укройн, гуфт, ки ин раъйгирӣ “нақзи фоҳиши” мувофиқатномаи Минск аст. Он мувофиқатнома мавриди тавофуқи Укройн, Русия, Созмони Амнияту Ҳавкории Урупо ва ҳамчунин намояндагони шӯришиён қарор гирифт ва фароҳамкунандаи нақшаи расидан ба як роҳи ҳалли мусолиматомез буд.

Ӯ изофа кард, ки Шӯрои амният ва дифоъи Укройн рӯзи сешанбе ташкили ҷаласа хоҳад дод, то пешниҳоди лағви қонунеро, ки ба навоҳии шарқии Дунетск ва Луҳонск ихтиёроти вижа барои худгардонӣ медод, матраҳ кунад.

Ин ихтиёрот ба унвони бахше аз фароянди сулҳ аз сӯйи Киев пешниҳод шуда буд.

Укройн ва Ғарб ҳамвора мегуфтанд, ки навоҳии шӯришӣ бояд ба мувофиқатномаи Минск мутаъаҳҳид бошанд ва бар асоси қавониин Укройн дар моҳи декабр интихобот баргузор кунанд.

Омрико душанбе аср гуфт, ки ин "ба истилоҳ" интихобот дар бахше аз манотиқи шаркии Укройнро ба унвони иқдоме "номашрӯъ" маҳкум мекунад.

Сухангӯйи шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед дар баёнияе гуфт, ки нигарони баёнияи вазорати хориҷаи Русия доир бар ба расмият шинохтани ин "интихоботи тақаллубӣ аст."