Буҳрони Укройн: Давлат барои "таҳоҷуми эҳтимолии шӯришиён омода мешавад"
Image copyrightAFPПетру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн, ба артиш дастур додааст қавои тозанафасро ба шаҳрҳои муҳим дар ҷанубу шарқи кишвар эъзом кунад, то барои муқобила бо таҳоҷуми эҳтимолии тозаи шӯришиён омода бошанд.
Оқои Пурушенку гуфт, ки ин воҳидҳо аз Мориупул, Бердёнск, Харков ва шимоли минтақаи Луҳонск ҳифозат хоҳанд кард.
Ӯ пас аз нишасти изтирории кобинеи амниятӣ суҳбат мекард. Ин нишаст дар пайи интихобот дар ноҳияи таҳти кунтрули шӯришиён дар Дунетск ва Луҳонск баргузор шуд.
Ӯ гуфт, ки ҳанӯз ба фароянди ҷории сулҳ мутаъаҳҳид аст, аммо пешниҳод карда, ки як ҷузъи муҳим аз тарҳи сулҳ лағв шавад.
Фароянди сулҳ дар мувофиқатномаи Минск (пойтахти Белорус), ки рӯзи панҷуми сентябр имзо шуд, ташреҳ шудааст. Тарҳи сулҳи Минск мавриди тавофуқи Укройн, Русия, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ва ҳамчунин намояндагони шӯришиён қарор гирифт ва фароҳамкунандаи нақшаи расидан ба як роҳи ҳалли мусолиматомез аст.
Оқои Пурушенку, ки дар интихобот дар манотиқи шӯришӣ хашмгин аст, пешниҳоди лағви қонунеро, ки барои манотиқи Дунетск ва Луҳонск мавқеъияти вижа қоил мешавад, додааст.
Рӯзи сешанбе дар ҳар ду минтақа маросиме барои адои савганди раҳбарони ҳаводори Русия, ки якшанбе интихоб шуда буданд, баргузор шуд.
Алексондр Зохоршенку ба унвони раиси ҷумҳурии халқи Дунетск савганд ёд кард ва Игур Плотнитский ба унвони раиси ҷумҳурии халқи Луҳонск савганд хӯрд.
Киев ва Ғарб ин интихоботро ғайриқонунӣ хондаанд, аммо Русия аз онҳо ҳимоят кардааст.
Аз моҳи апрел то кунун беш аз чаҳор ҳазор нафар дар набардҳо миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Укройн кушта шудаанд.
Укройн Русияро ба мусаллаҳ кардани шӯришиён ва эъзоми мукаррари сарбозони рус ба дохили хоки худ муттаҳам мекунад, иттиҳоме, ки Маскав рад мекунад.
Аз панҷуми сентябр як оташбас барқарор будааст, аммо ҳар ду тараф мукаррарн онро нақз кардаанд. Даргириҳо дар шарқи Укройн як моҳ пас аз инзимоми нимҷазираи Кримеи Укройн ба хоки Русия шурӯъ шуд.
"Хатари ҷиддӣ"
Федерико Мугринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо рӯзи сешанбе гуфт, ки интихобот дар навоҳии шӯришӣ "номашрӯъ аст ва масири диолуг ва сулҳро ба таври ҷиддӣ ба хатар меандозанд."
Хонуми Мугринӣ изофа кард: "Ба назари ман ҷиддитарин хатар ин аст, ки фурсати ҷорӣ барои диолуги дохилӣ барои гуфтугӯ бо Русия аз даст биравад."
Йенс Истултенберг, раиси ҷадид иНот,у дар ҳамин кунфронси хабарӣ гуфт, ки нерӯҳои Русия "дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи марзи Укройн ҳастанд."
Як сухангӯйи Ноту низ гуфт, ки "ҳаракоти гузоришшудаи сарбозон ва комюнҳо дар дохили навоҳии ҷудоиталабони шарқи Укройн нигаронкунанда ва хатарнок аст."
