Ноту: Низомиёни Русия вориди хоки Укройн шудаанд
Image copyrightBBC World ServiceЖенерол Филип Бредлов, яке аз фармондеҳи аршади Ноту гуфтааст, ки бо баррасиҳои анҷомшуда гузоришҳое марбут ба вуруди низомиёни Русия ба хоки Укройн ва низ интиқоли таҷҳизот ва тадорукоти низомии Русия ба шарқи Укройнро таъйид мекунад.
Женерол Бридлов гуфт, ки нерӯҳое аз Ноту шоҳиди раванди интиқоли таҷҳизот ва низомиёни Русия дар хоки Укройн будаанд ва "тонкҳои русӣ тӯпхонаи русӣ, системҳои дифоъи ҳавоии Русия ва низомиёни русӣ" дар хоки Укройн дида шудаанд.
Пеш аз ин гузоришҳое аз вуруди корвоне аз низомиёни Русия ба хоки Укройн мустақар шуда буд, вале вазорати дифоъи Русия чунин гузоришҳоеро такзиб мекард.
Гуфта шудааст, ки низомиёни Русия барои ҳимоят ва тақвияти тавони ҷудоиталабони шарқи Укройн роҳии он минтақа шуданд.
Ҷудоиталабони мусаллаҳи шарқи Укройн ҳам пеш аз ин таъйид карда буданд, ки афроде "довталаб" аз Русия ба онҳо кумак мекунад.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбеи 12 ноябр нишасте изтирорӣ барои баррасии ин гузоришҳо баргузор мекунад.
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе низ гузоришҳое аз табодули сангини оташ дар шаҳри Дунетск дар шарқи Укройн мунташир шуд, бо ин ҳол маълум нест, ки чи гурӯҳ ё афроде дар ин даргириҳо нақш доштаанд.
Гузоришҳое низ аз даргирӣ дар шаҳри Луҳонск, ки дар ихтиёри ҷудоиталабон аст, мунташир шудааст.
Аз беш аз ҳафт моҳ пеш то кунун ки ҷудоиталабони ҳаводори Русия кунтрули манотиқе аз шарқи Укройнро дар даст гирифтанд ва даргирӣ байни онҳо ва нерӯҳои давлатӣ оғоз шуд, беш аз чаҳор ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.
