Вазорати хориҷа: Атбоъи Тоҷикистон дар шарқи Укройн намеҷанганд

  • 23 Декабр, 2014
Навори видиюӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Ду тан аз онҳое, ки дар ин видию суҳбат мекунанд, худро 'аз Тоҷикистон' муъаррифӣ кардаанд

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мушорикати шаҳрвандони ин кишвар дар даргириҳои шӯришиён бо нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Укройнро такзиб карданд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои Русия бо намоиши навори видиюе аз ширкати иддае аз сокинони Тоҷикистон дар даргириҳои Укройн хабар доданд.

Аз ҷумла, дар видиюе, ки сойти интернетии "36on.ru" интишор дода, се нафар бо либоси низомӣ ва муҳиммоти ҷангӣ зоҳир мешаванд, ки худро аз сокинони Тоҷикистон муъаррифӣ кардаанд.

Ду тан аз онҳо дар суҳбати беш аз ҳафт дақиқаи худ бо хабарнигори ин сойт мегӯянд, ки онҳо тоҷик ҳастанд ва барои мубориза бо давлати феълии Укройн дар миёни ҷудоихоҳон дар шарқи он кишвар меҷанганд.

Яке аз ин афрод худро Толиб муъаррифӣ карда ва мегӯяд дар миёни ҷангиёне, ки алайҳи раисҷумҳури кунунии Укройн меҷанганд, ҳамватанонаш зиёд ҳастанд. Вай аз онҳо "бародарони мо" ном мебарад.

Толиб (маълум нест, ки ин ном воқеъӣ аст ё мустаъор) мегӯяд, ки аз муддатҳо қабл дар Укройн ба сар мебарад ва ба хотири дифоъ аз худ ва фарзандонаш аслиҳа гирифтааст, то бо гурӯҳҳои тарафдори Президент Пурушенку биҷангад ва кишварро аз вай ва "душманон" пок созад.

Аммо Абдулфайз Атоев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 23 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар нооромиҳои Укройн шаҳвандони Тоҷикистон мушорикат надоранд.

Оқои Атоев афзуд: "Дар ин бора масъулони сафорати Тоҷикистон дар Укройн низ назар додаанд. Ва мо боз такрор мекунем, ки иттилоъ дар бораи ширкати шаҳрвандони тоҷик дар даргириҳо дар Донбас бепоя аст."

Вале дар навори видиюи мунташиршуда дар интернет фарди дувум ҳам, ки аз худ "Муҷоҳид" ном мебарад, худро зодаи Тоҷикистон хонда ва мегӯяд, ки ҳадафаш аз ширкат дар ин даргириҳо мубориза бо давлатҳои Урупоию Омрико ва Ноту аст.

Вай кишварҳои ғарбиро ба эҷоди нооромӣ ва муноқиша миёни "исловиҳо" муттаҳам карда ва мегӯяд, ки мусалмононеро, ки ба тарафдорӣ аз давлати Укройн меҷанганд, мусалмон намешуморад.

Ба гуфтаи ӯ, мусалмонон набояд бо кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ кунанд, зеро омрикоиҳо ва урупоиҳо "дар Ироқу Сурияву Афғонистон ва ҷоҳои дигари ҷаҳон ҷангро ба роҳ андохтаанд."

Аммо ба эътиқоди ӯ, славянҳо (нажоди исловӣ, ки шомили русҳову укройниҳо ва белорусҳо ва лаҳистониҳову чекҳо ва ғайра мешавад) "ҳаргиз мусалмононро озор надодаанд."

Фарди севум, ки дар ин видию зоҳир мешавад, сокит аст, вале Толиб ӯро "дӯсти чечени мо" муъаррифӣ мекунад. Ин афрод мегӯянд, ки барои мушорикат дар даргириҳо дар шарқи Укройн ҳеч гуна пул ё музде дарёфт намекунанд ва танҳо "барои кумак ба мардум" ва "Барои адолат" ба ин кор иқдом кардаанд.

Ба воруни ин, Толиб, ки ба назар мерасад саркардаи онҳо бошад, иддиъо мекунад, ки шуморе аз атбоъи Гурҷистон дар даргириҳои шарқи Укройн ба ҳимоят аз давлати марказии он кишвар мушорикат доранд ва гӯё ӯ худаш чанд нафарро дидааст.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон, он даста аз атбоъи ин кишвар, ки дар кишварҳои хориҷӣ муддати зиёде ба сар мебаранд ва дар тӯли панҷ сол боре ҳам дар кунсулгариҳои Тоҷикистон худро сабт намекунанд, ба таври худкор табаъияти худро аз даст медиҳанд.

Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон дар мавориде мушобеҳ табаъияти он даста аз тоҷиконро, ки солҳо пеш аз кишвари худ рафтаанд ва ба далоиле асомии онҳо хабарсоз мешавад, такзиб кардаанд.

Матолиби муртабит