'Тамаркуз ба буҳрони Укройн' дар дидори Раҳмон ва Буркҳолтер

  • 22 Ноябр, 2014
Буркҳолтер ва РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқоён Буркҳолтер ва Раҳмон буҳрони Укройн ва амният дар марзи Афғонистонро баррасӣ кардаанд (акс аз сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дидие Буркҳолтер, раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар чорчӯби сафари худ ба кишварҳои Осиёи Миёна бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот кардааст.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 22 ноябр хабар дод, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо мавзӯъи густариши ҳамкориҳои ин кишвар бо САҲУ ва давлати Суисро баррасӣ кардаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар оғози мулоқот раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда, ки "мо САҲУ-ро воситаи муҳимми ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем ва густариши робитаҳо бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст."

Ин сойт меафзояд: "Доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳои терурисму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҳамчунин дар бораи ҳамкории минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт."

Тамаркуз ба буҳрони Укройн

Дар ҷараёни ин дидор ҷонибҳо фаъъолияти дафтари САҲУ дар Тоҷикистон ва коллеҷи марзбонии ин созмон дар шаҳри Душанберо дар амри муқобала бо таҳдидҳои марзӣ, аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир, муассир арзёбӣ кардаанд.

Ба навиштаи манобеъи Вазорати хориҷаи Суис, оқоён Буркҳолтер ва Раҳмон масоили байналмилалиро "бо тамаркузи вижа ба буҳрони Укройн ва вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистон" баррасӣ кардаанд, ҳарчанд ҷузъиёти ин мавзӯъ рӯшан нест.

Сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд аз баррасии масоили марзӣ бо Афғонистон ёдовар шуда, вале аз буҳрони Укройн зикре накардааст. Ба нивиштаи ин сойт, масоили марбут ба демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ, риъояти ҳуқуқи башар ва озодии созмонҳои ғайридавлатӣ низ аз мавзӯъҳои суҳбат будааст.

Оқои Буркҳолтер дар сафари худ ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ буҳрони Укройнро баррасӣ карда ва ба унвони раиси САҲУ дар музокирот барои ҳалли ин буҳрон мушорикати фаъъоле доштааст.

Кишварҳо ва созмонҳои урупоӣ ва Омрико Русияро ба мудохила дар умури Укройн муттаҳам карда ва таҳримҳое алайҳи ин кишвар эъмол кардаанд. Ин таҳримҳо таъсироти амиқе дар иқтисоди Русия ва ҷамоҳири дигари собиқи Шӯравӣ, ки таҳти нуфузи Маскав ҳастанд, аз ҷумла Тоҷикистон, барҷо гузоштааст.

Ин кишварҳо мавзеъгириҳои муҳтотонае дар мавриди буҳрони Укройн аз худ нишон додаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи нозирон, мақомоти Тоҷикистон то кунун "бо эҳтиёти тамом ва аз бими тира шудани" равобити ин кишвар бо Русия аз ҳар гуна ибрози назари сареҳ дар бораи буҳрони Укройн худдорӣ кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки яке аз аҳдофи сафари оқои Буркҳолтер ба панҷ кишвари Осиёи Миёна, дар канори баррасии муносибот бо САҲУ ва Суис, навъе ройзанӣ дар мавриди буҳрони Укройн аст. Ин "ройзанӣ" дар ҳолест, ки мақомҳои ғарбӣ ахиран басароҳат хостори "берун бурдани нерӯҳои Русия аз " Укройн шудаанд.

Ду кишвари кӯҳистонӣ

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи манобеъи суисӣ, Дидие Буркҳолтер, раиси давраии САҲУ, ки ҳамзамон вазири хориҷа ва раиси Кунфедеросиюни Суис аст, гуфта, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари кӯҳистонӣ дар Осиёи Миёна дар равобити хориҷии Суис ҷойгоҳи мумтозе дорад.

Зимнан, Суис низ кишваре кӯҳистонӣ ва бо шароите мушобеҳи Тоҷикистон дар қалби Урупо маҳсуб мешавад. Бар хилофи Тоҷикистон, ки раисҷумҳури он аз ихтиёроти густардае бархурдор аст, ва бисёре аз кишварҳои дигар, дар Суис ҳеч фарде ҷудогона мақоми вижае ба унвони "сарвари давлат" надорад.

Раис ё ба истилоҳ раисҷумҳури Кунфедеросиюни Суис тавассути Маҷлиси федерол ё ҳамон порлумони думаҷлисаи Суис барои як сол интихоб мешавад ва дар ҷаласаҳои Шӯрои Федеросиюн риёсат мекунад, ҳарчанд қудрат ва ихтиёроташ бо соири аъзои ин шӯро баробар аст.

Оқои Буркҳолтер яке аз ҳафт узви Шӯрои Федеросиюни Суис аст, ки қувваи муҷрия ё ҳукумати иҷроиро ташкил медиҳанд ва "сарвари давлати дастаҷамъии" Суис маҳсуб мешаванд. Ҳар ҳафт узви ин шӯро ихтиёроти баробар ва ҳамзамон раҳбарии ин ё он вазоратеро ба уҳда доранд.

Панҷ кишвари Осиёи Миёна аз ҷумлаи кишварҳои гурӯҳи мавриди раъйи Суис дар Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд. Суис дар роҳандозии ҳамкории байни ин кишварҳо ва ин муассисоти молии байналмилалӣ нақши боризе доштааст.

Давлати Суис то кунун барои иҷрои барномаҳое дар заминаи тавсеъаи иҷтимоъӣ ва зербиноии Тоҷикистон маблағи 250 милюн дулор кумаки билоъиваз ҳазина кардааст. Аз ҷумла, дар соли милодии ҷорӣ се қарордод миёни ду кишвар бо ҳазинаи 19 милюн дулор дар арсаҳои мухталиф ба имзо расидааст.