Набардҳои шадиди маргбор дар шарқи Укройн
Image copyrightReutersБо шиддат гирифтани набардҳо дар хутути муқаддами ҷанг дар шарқи Укройн ва набардҳо бар сари фурудгоҳи шаҳри Дунетск даҳҳо нафар кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Бино ба гузоришҳо, рӯзи душанбе оташи тӯпхона дар чандин ноҳия дар шарқи Дунетск ва Луҳонск гузориш шуд ва бемористоне дар шаҳри Дунетск ҳадаф қарор гирифт.
Ҳар ду тарафи даргирӣ, яъне нерӯҳои Укройн ва шӯришиёни ҳаводори Русия, гуфтанд, ки кунтрули фурудгоҳро дар даст доранд.
Русия ба Укройн ҳушдор дода, ки дучори иштибоҳи истротежик нашавад ва ҳамзамон Киев мегӯяд Русия сарбозони бештареро ба ин сӯйи марз фиристодааст.
Русия мукарраран иддаъоҳо доир бар вуруди сарбозонаш ба шарқи Укройнро рад карда, аммо изъон кардааст, ки шуморе аз "довталабони" ин кишвар дар канори шӯришиёни Укройн меҷанганд.
Хушунатҳо аз ҳафта пеш бо набард бар сари кунтрули фурудгоҳи Дунетск авҷ гирифт.
Фармондеҳии низомии шӯришиён эълом кард, ки нерӯҳояш таҳоҷуми давлат ба як пули муҳимми истротежики миёни шаҳр ва фурудгоҳро мутаваққиф кардааст. Ин пул дар набардҳо вайрон шуд.
Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки дар рӯзҳои ахир дар маркази Дунетск ҳам ҳашт ғайринизомӣ дар рӯзҳои ахир кушта ва теъдоди бештаре захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, шӯришиён давлатро муттаҳам ба ҳамла бо оташи тӯпхона ба ғайринизомиён дар Ҳурлувко (Горловка), ки дар кунтрули шӯришиён аст, карданд. Ин шаҳр дар шимоли фурудгоҳи Дунетск аст.
Эдворд Босурин,вазири дифоъи шӯришиён, гуфт, ки дар бумборони ҳавопаймои артиш нуҳ ғайринизомӣ кушта ва 44 нафар захмӣ шудаанд.
Дар муқобил телевизиюни давлатӣ гузориш дод, ки як падар ва писар дар асари инфиҷори гулӯлаи тӯп дар шаҳри Диболтсев дар шимоли шарқии Дунетск, ки дар кунтрули давлат аст, кушта ва 10 ғайринизомии дигар захмӣ шуданд.
Фурудгоҳи Дунетск, ки барои моҳҳо маҳалли даргирии шадид буда, барои ҳар ду тараф арзиши нумодин ва истротежик дорад.
Гурӯҳе аз нерӯҳои артиш ба хотири дифоъи маҳкам аз ин фурудгоҳ машҳур шудаанд ва сармашқи артиши Укройн ба ҳисоб меояд.
Ҳаводорони давлат нобудии фурудгоҳро ба вайронии Истолингрод (Сталинград) дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дувум ташбеҳ мекунанд.
Дар муқобил шӯришиён фурудгоҳро бахше аз пойтахти худ медонанд.
Мақомҳои низомии Укройн якшанбе гуфта буданд, ки муваффақ шуданд ноҳияи фурудгоҳро ба таври комил аз шӯришиён пок кунанд, аммо шӯришиён душанбе ин иддаъоро рад карданд.
Ҳар ду тараф ба ба зоеъоти сангин изъон кардаанд.
Як афсари баландпояии шӯришӣ гуфт, ки ҳашт сарбози шӯришӣ кушта ва зз нафар захмӣ шудаанд. Мақомҳои дифоъии Укройн ҳам гуфтанд, ки се сарбози ин кишвар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Мақомҳои Русия мегӯянд, ки Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн, ба пешниҳоди Влодимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, барои ақиб кашидани силоҳҳои сангин аз сӯйи ду тараф ва поёни набардҳо посух надодааст.
Бо ин ҳол, Укройн таъйид мекунад, ки хоҳони иҷрои оташбаси моҳи сентябр, ки дар Минск имзо шуд, аст.
Вазири хориҷаи Укройн бори дигар Русияро тарғиб кард нерӯҳо ва силоҳҳои сангинро аз минтақаи мавриди муноқиша хориҷ кунад.
Укройн мегӯяд, ки ҳудуди 8500 сарбози расмии Русия ба шӯришиён кумак мекунанд, иддаъое, ки Маскав рад мекунад.
Беш аз 4700 нафар аз замоне ки шӯришиён бахшҳое аз Дунетскро дар моҳи апрели гузашта гирифтанд, кушта шудаанд. Теъдоди зиёде ғайринизомӣ ҳам овора шудаанд.
Ин набардҳо пас аз инзимоми нимҷазираи худмухтори Криме ба хоки Русия шурӯъ шуд.
