Укройн ба бахши санъати нафтӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

  • 7 Январ, 2015

Пролумони Тоҷикистон баррасии тарҳи сармоягузории 14 милюндулории Укройн барои бунёди полоишгоҳи нафт дар шаҳри Турсунзодаи ин кишвар оғоз кардааст.

Дар ин бора Лочин Файзуллозода, муъовини аввали раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумонии рӯзи чоршанбе, 7-уми январ хабар дод.

"Укрнефтмаш"-и Укройин ширкатест, ки мехоҳад муштаракан бо ҷониби Тоҷикистон дар сохтмони ин корхона саҳм бигирад. Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ ҳафт милюн дулор унвон шудааст.

Интизор меравад сохтмони ин корхона дар ду соли оянда ба анҷом бирасад, ин корхона 220 шаҳрванди Тоҷикистонро бо кор таъмин кунад ва ин корхона солиёна ба будҷети кишвар 73 милюн сомонӣ ворид кунад.