Интерпул ҳукми ҷалби раиси ҷумҳури собиқи Укройнро содир кард

  • 13 Январ, 2015
Image caption Номи оқои Ёнукович дар сойти Интерпул дар феҳристи афроди таҳти таъқиб қарор гирифтааст

Пулиси Байналмилал (Интерпул) барои Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури собиқи Укройн, ҳукми ҷалб содир кардааст.

Давлати Укройн оқои Ёнуковичро муттаҳам мекунад, ки милиёрдҳо дулор аз амволи кишварро дуздидааст.

Ӯ ҳамчунин муттаҳам шуда, ки дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Киев, пойтахти Укройн, дар зимистони гузашта ба тактирандозон дастури ҳадаф қарор додани муътаризонро додааст.

Оқои Ёнукович дар пайи эътирозҳои мавриди ҳимояти Ғарб, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, аз қудрат халъ шуд ва ба Русия гурехт.

Дар пайи сарнагунии давлати оқои Ёнукович, Русия нимҷазираи Криме дар ҷануби Укройнро замимаи хоки худ кард ва даргириҳо дар шарқи Укройн шиддат гирифт.

Оқои Ёнукович охирин бор дар аксе дар канори Эливер Истивен, коргардони омрикоӣ дида шуда, ки гуфта мешавад дар Маскав дида шудааст.

Интерпул барои Микуло Озорев, нахуствазири собиқ ва Александр Ёнукович, писари раиси ҷумҳури пешини Укройн, ҳам ҳукми ҷалб содир кардааст.

Матолиби муртабит