Буҳрони Укройн меҳвари аслии сафари садри аъзами Олмон ба Омрико

  • 9 Феврал, 2015
Image copyrightAP
Image caption Пештар раҳбарони Фаронса ва Олмон барои хотимаи буҳрони Укройн тарҳи сулҳе ироа додаанд

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, вориди Омрико шудааст. Меҳвари аслии ин сафар баҳс ва табодули назар бо мақомоти аршади Омрико дар хусуси буҳрони Укройн аст.

Ҳамзамон гузоришҳое мунташир шудааст, ки байни кишварҳои ғарбӣ ихтилофоте бар сари ҳалли масъалаи Укройн буруз кардааст.

Бар асоси гузоришҳо, садри аъзами Олмон дар дидораш бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, илова бар масъалаи Укройн дар хусуси масоили дигаре монанди тиҷорат ва муқобала бо терурисм низ баҳс ва табодули назар хоҳад кард.

Омрико гуфтааст дар масъалаи Укройн дар канори Урупо аст, аммо гуфтугӯҳои ахир дар ин бора нишонгари брузи ихтилофоте аст.

Олмон мухолифи ирсоли силоҳ ва таҷҳизот барои кумак ба артиши Укройн аст. Гуфта мешавад, ки садри аъзами Олмон талош дорад, то роҳи ҳалли диплумотике барои ин қазия пайдо кунад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Омрико, раиси ҷумҳурии Омрико таҳти фишор аст, то мавозеъи сахттаре дар қиболи ин қазия иттихоз кунад. Бархе аз мақомоти омрикоӣ, аз ҷумла сенотур Ҷон МакКейн, муътақиданд, ки бархе аз ҳимоятҳои низомӣ аз Укройн зарурӣ аст.

Сафари хонум Меркел ба Омрико қабл аз дидори вай бо раҳбарони Фаронса, Русия ва Укройн аст. Ин нишаст қарор аст чанд рӯзи дигар дар Минск, пойтахти Белорус, баргузор шавад.

Image copyrightReuters
Image caption Раҳбарони Олмон, Фаронса ва Русия дар бораи таҳи сулҳи пешниҳодӣ бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд

Пештар, ба гуфтаи яке аз сухангӯёни давлати Олмон, раҳбарони Русия, Укройн, Фаронса ва Олмон мувофиқат кардаанд, ки намояндагони ин кишварҳо музокирот дар бораи тарҳи сулҳи пешниҳодӣ барои хотимаи буҳрон дар Укройнро рӯзи чаҳоршанбе (11 феврал - 22 баҳман) дар Минск идома диҳанд.

Бино ба тарҳи сулҳе, ки раҳбарони Фаронса ва Олмон барои поён додани даргириҳо дар шарқи Укройн пешниҳод додаанд, дар минтақае, ки акнун хатти муқаддами рӯёрӯӣ аст, бояд ҳарими орӣ аз таслиҳот ба арзи 50 то 70 килуметр эҷод шавад.

Аз ҳудуди як сол қабл дар шарқи Укройн шибҳинизомиёни ҷудоиталаби ҳаводори Русия дар ҳоли ҷанг бо нерӯҳои низомии укройнӣ ҳастанд.

Русия муттаҳам аст, ки аз ин шибҳинизомиёни ҷудоиталаб пуштибонӣ мекунад, аммо Маскав ин иддиъоро рад мекунад.

То кунун ҷузъиёти андаке дар бораи муҳтавои ин тарҳи сулҳ мунташир шудааст, аммо ба нзар мерасад, ки ин тарҳ талоше барои эҳёи тавофуқи оташбасе бошад, ки дар моҳи сентябр дар пойтахти Белорус имзо шуд.

Аз замони имзои он тавофуқи оташбас дар Минск шибҳинизомиёни ҳаводори Русия ба арозии таҳти тасарруфи худ дар шарқи Укройн афзудаанд.

Матолиби муртабит