Музокирот дар бораи тарҳи пешниҳодии сулҳ дар Укройн дар Минск баргузор мешавад

  • 8 Феврал, 2015
Image copyrightReuters
Image caption Раҳбарони Олмон, Русия ва Фаронса дар бораи тарҳи сулҳи пешниҳодӣ бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд

Ба гуфтаи яке аз сухангӯёни давлати Олмон раҳбарони Русия, Укройн, Фаронса ва Олмон мувофиқат кардаанд, ки музокирот дар бораи тарҳи сулҳи пешниҳодӣ барои хотимаи буҳрон дар Укройнро рӯзи чаҳоршанбе, 11 феврал дар Минск, пойтахти Белорус идома диҳанд.

Гуфта шуда, ки дар пайи кунфаронсе телефунӣ, ки имрӯз миёни раҳбарони ин кишвар баргузор шуд, ин тавофуқ ба даст омадааст.

Бано ба тарҳи сулҳе, ки раҳбарони Фаронса ва Олмон барои поён додани даргириҳо дар шарқи Укройн пешниҳод додаанд, дар минтақае, ки акнун хати муқаддами рӯёрӯӣ аст, бояд ҳарими орӣ аз таслиҳот ба арзи 50 то 70 килуметр эҷод шавад.

Аз ҳудуди як соли қабл дар шарқи Укройн шибҳинизомиёни ҷудоиталаби ҳаводори Русия дар ҳоли ҷанг бо нерӯҳои укройнӣ ҳастанд.

Image copyrightAP
Image caption Раҳбарони Фаронса ва Олмон барои хотимаи буҳрони Укройн тарҳи сулҳе ироа додаанд

Русия муттаҳам аст, ки аз ин шибҳнизомиёни ҷудоиталаб пуштибонӣ мекунад, аммо Маскав ин иддаъоро рад мекунад.

То кунун ҷузъиёти андаке дар бораи муҳтавои ин тарҳи сулҳ мунташир шудааст, аммо ба назар мерасад, ки ин тарҳ талоше барои эҳёи тавофуқи оташбасе бошад, ки дар моҳи сентябр дар пойтахти Белорус имзо шуд.

Аз замони имзои он тавофуқи оташбас дар Минск шибҳнизомиёни ҳаводори Русия ба арозии таҳти тасарруфи худ дар шарқи Укройн афзудаанд.

Вокуниши Бритониё

Image copyrightPA
Image caption Вазири хориҷаи Бритониё рафтори Влодимир Путинро дар қиболи Укройн мустабидона хонда

Филип Ҳомунд, вазири хориҷаи Бритониё, иқдомоти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар қиболи Укройнро "мустабидона" хонда ва гуфтааст нерӯҳои укройнӣ қодир ба шикасти артиши Русия дар майдони ҷанг нестанд, ба ҳамин далел даргирӣ ва хунрезӣ дар ин минтақа танҳо бояд аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл шавад.

Оқои Ҳомунд ҳамчунин гуфтааст: "Ин мард (Путин) иқдом ба эъзоми нерӯ ба марзҳои байналмилалӣ карда ва хоки кишвари дигареро дар қарни 21 ишғол карда, шабеҳи иқдомоте, ки мустабидон дар қарни бистум анҷом доданд."

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд даргириҳои як соли ахир дар шарқи Укройн наздик ба 5400 кушта ва даҳҳо ҳазор овора бар ҷой гузоштааст.

Матолиби муртабит