Иттиҳодияи Урупо Русияро ҳушдор дод, ки ба тавофуқи оташбас бо Укройн мутаъаҳҳид бимонад

  • 13 Феврал, 2015
раҳбарон
Image caption Тавофуқи оташбасе, ки миёни тарафайн имзо шуда, бисёр шикананда тавсиф шудааст

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ба Русия ҳушдор дод, ки агар тавофуқи оташбас бо Укройнро комилан риъоят накунад, бо таҳримҳои тозаи Иттиҳодияи Урупо мувоҷеҳ мешавад.

Ба гуфтаи хонум Меркел раҳбарони Иттиҳодияи Урупо хостори омодагӣ барои ташдиди таҳримҳо дар сурате шудаанд, ки Русия муфодди тавофуқи оташбасро риъоят накунад.

Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Белорус раҳбарони Русия, Укройн, Олмон ва Фаронса пас аз музокироте тӯлонӣ тавонистанд бар сари ҷузъиёти оташбас тавофуқ кунанд.

Ин тавофуқи оташбас қарор аст дар нахустин дақиқаи бомдоди якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Укройн ба иҷро гузошта шавад, аммо ду тарафи даргирӣ дар бораи муваффақиятомез будани он ибрози тардид кардаанд.

Шибҳинизомиёни ҷудоиталаби ҳаводори Русия бо имзои ин тавофуқи оташбас пазируфтаанд, ки бо анҷоми мубодилаи усаро таслиҳотро аз минтақаи даргирӣ хориҷ кунанд, амо ҳанӯз масоиле мубҳам ҳал нашуда боқӣ мондаанд.

Рӯзи панҷшанбе даргирӣ миёни нерӯҳои артиши Укройн ва шибҳинизомиён идома ёфт ва яке аз фармондеҳони ҷудоиталаби ҳаводори РУсия гуфт ба рӯёрӯӣ поён намедиҳад.

Ҷанги мусаллаҳона миёни ду тараф дар як соли гузашта наздик ба 5500 кушта, ҳудуди 13 ҳазор маҷрӯз ва наздик ба як милюн овора барҷой гузоштааст.

Image copyrightAFP
Image caption Влодимир Путин гуфт музокироте душворро пушти сар гузоштааст

Дар таҳаввуле дигар, рӯзи панҷшанбе Бонки Ҷаҳонӣ барои пардохти ду милёрд дулор кумаки молӣ ба Укройн дар қолаби як бастаи ҳимоятии байналмилалӣ ибрози омодагӣ кард.

----------------------------------------------------------------------------------------------

  • Аз ҷумлаи ҷузъиёти тавофуқи оташбас
  • Оташба аз нахустин дақиқаи бомдодии якшанбеи 15 феврал ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад
  • Амалиёти хуруҷи таслиҳоти сангин аз минтақа бояд аз рӯзи 16 феврал оғоз шавад ва дар ду ҳафта поён гирад.
  • Ҳамаи асирон бояд озод шаванд ва афроди даргир дар ҷанг бояд афв шаванд.
  • Хуруҷи ҳамаи нерӯҳо ва таслиҳоти хориҷӣ аз хоки Укройн. Халъи силоҳи ҳамаи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ
  • Укройн бо рафъи маҳдудиятҳо зиндагии одиро ба манотиқи таҳти тасарруфи шибҳинизомиён боз мегардонад.
  • Ислоҳи қонуни асосии Укройн то поёни соли 2015 бо ҳадафи эътои худмухторӣ ба манотиқи шибҳинизомиён
  • Укройн дар сурати риъояти таъаҳҳудоташ бар асоси ин тавофуқ то поёни соли 2015 метавонад кунтрули марзи худ бо Русияро ба даст гирад.

'Субҳе хуб'

Яке аз мавориде, ки ҳамчунон бар сари он ихтилофи назар вуҷуд дорад, шаҳри Деболетсию аст, ки дар муҳосираи шибҳинизомиён қарор гирифта ва даргирӣ дар атрофи он ҷараён дорад.

Фарор аст тарафайни даргирӣ музокира дар бораи худмухторӣ дар бахшҳое аз манотиқи Дунетск ва Луҳонскро идома диҳанд.

Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар поёни музокироти 16-соъата дар Минск бо ишора ба душворӣ дар раванди расидан ба тавофуқи оташбас гуфт: "Дишаб беҳтариншаби зиндагиям набуд, аммо имрӯз субҳи хубе аст."

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, тавофуқи оташбасро ироадиҳандаи "курсуи умед" тавсиф кард ва Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, соъоти пеши рӯро "сарнивиштсоз" донистааст.

Кохи Сафед расидан ба оташбасро "гоме билқувва арзишманд" донист ва ҳамзамон дар бораи идомаи даргириҳо дар шарқи укройн ибрози нигаронӣ кардааст.

Вазири хориҷаи Омрико бо интишори баёнияе гуфтааст: "Ҳамаи тарафҳои даргир то пеш аз бомдоди якшанбе, ки оташбас расман оғоз шавад, бояд аз худ хештандорӣ нишон диҳанд. Ҳамчунин, ҳамалоти Русия ва ҷудоиталабон дар шаҳри Деболетсию ва дигар шаҳрҳои Укройн бояд сареъан мутаваққиф шавад.

Шибҳинизомиёни ҷудоиталаб дар шарқи Укройн бо эҳтиёт аз тавофуқи оташбас стиқбол карда ва гуфтаанд агар ин тавофуқ нақз шавад, масъулияти он ба уҳдаи давлати Киеф хоҳад буд.

Матолиби муртабит