Путин: Бар сари оташбас дар Укройн ба тавофуқ расидаем

  • 12 Феврал, 2015
УкройнImage copyrightAFP
Image caption Пурушенку (рост) пештар пешниҳоди Путин барои таваққуфи амалиёти низомии ҷудоиталабонро қобили қабул надониста буд

Раиси ҷумҳурии Русия аз тавофуқ бар сари оташбас байни нерӯҳои давлатии Укройн ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар хабар додааст.

Раиси ҷумҳурии Фаронса низ аз дастёбӣ ба "тавофуқи ҷаҳонӣ барои оташбас ва ҳаллу фасли ҷаҳонии ин буҳрон" сухан гуфтааст.

Изҳороти раҳбарони Русия ва Фаронса субҳи панҷшанбеи 23 баҳман (12 феврал) ва дар ҳоле гузориш шуд, ки нишасти раҳбарони Олмон, Укройн, Русия ва Фаронса барои ҳаллу фасли буҳрони Укройн дар тӯли соъоти шаб идома дошт ва гузоришҳои зидду нақизе аз раванди музокирот мунташир шуда буд.

Ба гуфтаи раисони ҷумҳурии Русия ва Укройн, оташбаси мавриди назар аз нимашаби шанбе ба иҷро гузошта хоҳад шуд ва умед меравад шароити муносибро барои ҳаллу фасли ниҳоии буҳрони Укройн эҷод кунад.

Дар ҳоле ки дар соъоти аввалияи субҳи панҷшанбе аз эҳтимоли тавофуқ бар сари баёнияи муштараке ҳовии барқарории оташбас хабар расида буд, соъоте баъд Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, гуфт, ки бархе шароити Русия барои таваққуфи амалиёти низомӣ тавассути ҷудоиталабонро қобили қабул намедонад.

Раиси ҷумҳурии Укройн гуфт, ки аз назари давлати ӯ, пешниҳоди Русия дар мавриди эҷоди хатти ҷудосоз байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русия ва мавқеъияти отии (ояндаи) ин бахш аз арозии Укройнро наметавонад бипазирад.

Эҳтимолан раиси ҷумҳурии Укройн нигарони он буда, ки эҷоди ҳар навъ "хатти ҷудосоз" ва сабти он дар як санади байналмилалӣ заминасози иқдомоти баъдӣ барои таҷзияи ин бахш аз хоки кишвараш бошад.

Ҳанӯз ҷузъиёте аз тавофуқи бадастомада дар нишасти Минск дар даст нест, аммо ин нахустин боре нест, ки ду тарафи даргирӣ дар Укройн бар сари оташбас ба тавофуқе расидаанд. Оташбаси қаблӣ пойдор намонд.

Бо ин ҳама, бархе нозирон гуфтаанд шояд ҳузури раҳбарони Олмон ва Фаронса, ду узви аслии Иттиҳодияи Урупо, дар нишасти Минск ва хатари ташдиди таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Русия барқарорӣ ва истимрори (пойдории) ин оташбасро тазмин кунад.

Албатта, Русия ба намояндагӣ аз сӯи ҷудоиталабон дар музокироти қаблӣ ҳузур дошта ва ҳамвора таъкид варзида, ки масъули иқдомоти ҷудоиталабон нест.

Image copyrightReuters
Image caption Аз рост ба чап: Пурушенку, Меркел, Улонд ва Путин. Олмон ва Фаронса ба унвони аъзои Иттиҳодияи Урупо дар таҳрими Русия ширкат доштаанд

Музокироти Петру Пурушенку, Влодимир Путин ва Фронсуо Улонд, раисони ҷумҳурии Укройн, Русия ва Фаронса, ва Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи гузашта ва бо ҳадафи ёфтани роҳе барои поён додан ба ҷанг байни нерӯҳои давлатии Укройн ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи ин кишвар оғоз шуд.

Дар ин нишаст аз сӯи шӯришиён намояндае ҳузур надошта ва Влодимир Путин ин нақшро бар уҳда дошт. Ҳарчанд давлати Русия ҳамеша ҳар навъ иртиботе бо шӯришиёнро такзиб карда ва пеш аз ин бар лузуми тавофуқ байни давлати Укройн ва шӯришиён таъкид ниҳодааст.

Буҳрони Укройн аз моҳи ноябри соли 2013 оғоз шуд. Он замон Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии вақт, ки аз тарафдорони Русия буд, эълом кард, ки сиёсати наздики иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Урупоро канор гузоштааст.

Вай гуфт дар иваз тасмим дорад ба густариши бештари муносиботи тиҷорӣ ва сиёсӣ бо Русия мубодират (иқдом) кунад. Ин тасмим боъиси баргузории тазоҳуроти мудовим дар пойтахти Укройн шуд.

Дар моҳи фверали соли 2014 даҳҳо нафар дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Укройн кушта шуданд ва мухолифони оқои Ёнукувич нерӯҳои пулиси амниятии ин кишварро ба ин куштор муттаҳам карданд.

Дар пайи ин таҳаввул порлумони Укройн раиси ҷумҳуриро барканор кард ва як давлати интиқолиро то замони баргузории интихоботи ҷадид ҷои ӯ ба кор гумошт.

Виктур Ёнукувич, ки ба фасоди молӣ низ муттаҳам буд, ба Русия гурехт. Давлати Русия барканории ӯро мардуд донист ва давлати ҷадиди Укройнро ғайриқонунӣ эълом кард ва гуфт, ки нисбат ба амнияти рустаборони сокини Укройн эҳсоси нигаронӣ мекунад.

Image copyrightAFP
Image caption Нишасти Минск дар тӯли шаб идома дошт, аммо зоҳиран ба натиҷаи мусбате расид

Чанд ҳафта баъд порлумони маҳаллии шибҳиҷазираи Криме, ки аксари сокинони онро рустаборон ташкил медоданд, ба ҷудоии ин сарзамин аз Укройн ва илҳоқи он ба Русия раъй дод. Давлати Русия дар моҳи март ин бахш аз хоки Укройнро расман ба хоки худ замима кард.

Дар пайи инзимоми Криме гурӯҳе аз рустаборони манотиқи шарқи Укройн низ хостори ҷудоӣ аз ин кишвар ва пайвастан ба Русия шуданд. Аз он замон, даргирӣ байни онон ва нерӯҳои давлатӣ идома доштааст, дар ҳоле ки воҳидҳое аз артиши Русия дар наздикии марз бо Укройн мустақар будаанд.

Давлати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ба ҳимояти мустақим аз шӯришиён ва ҳатто мушорикат дар ҷанг алайҳи нерӯҳои давлатӣ муттаҳам мекунанд. Аммо Русия ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ҷудоиталабон сирфан шаҳрвандони норозии укройнӣ ҳастанд, ки нисбат ба амнияти худ эҳсоси нигаронӣ мекунанд.

Кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоеро низ алайҳи Русия вазъ кардаанд, ки бар душвории шароити иқтисодии ин кишвар афзудааст. Ахиран раиси ҷумҳурии Омрико ҳушдор дод, ки идомаи мудохилаи Русия дар Укройн метавонад фишорҳои бештареро дар пай оварад.

Русия гуфтааст, ки барои поён додан ба ин буҳрон лозим аст қонуни асосии Укройн тағйир ёфта ва як низоми федерол бо ихтиёроти густарда барои манотиқи шарқӣ эҷод шавад.

Миллигароёни укройнӣ бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷудоии Криме низ бо тасмими давлати маҳаллии ин минтақа сурат гирифт, муътақиданд, ки ҳадафи Русия дар ниҳоят инзимоми манотиқи шарқии Укройн аст.

Ҳанӯз дар мавриди дастёбии нишасти Минск ба тавофуқ бар сари санаде муштарак гузориши мустанаде мунташир нашудааст.

Матолиби муртабит