Руасои ҷумҳурии Русия ва Укройн дар нишасти Минск ширкат мекунанд

  • 11 Феврал, 2015
Image copyrightAFP

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Петру Пурушенку раиси ҷумҳурии Укройн таъйид кардаанд, ки дар нишасти имрӯз дар Минск, пойтахти Белорус ширкат хоҳанд кард.

Ҳадаф аз ин нишаст поён додан ба буҳрони шарқи Укройн аст.

Ба ғайр аз руасои ҷумҳурии Русия ва Укройн қарор аст Онгело Меркел, садраъзами Олмон ва Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса низ дар ин нишаст ширкат кунанд.

Нишасти шаби гузаштаи ҳайатҳои тарафайн, ки барои коҳиши ихтилофи назар ташкил шуда буд, бидуни натиҷа поён ёфт.

Дар ҳамин ҳол Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико ба Владимир Путин ҳушдор дода ,ки дар сурате ки Русия ба иқдомоти хасмонаи худ дар Укройн идома диҳад, ин кишвар маҷбур ба таҳаммули ҳазинаҳои бештаре хоҳад буд.

Оқои Убомо дар гуфтугӯи телефунӣ бо оқои Путин аз ӯ хост то аз фурсати ҷадиде, ки дар сояи музокироти ахир барои ҳалли буҳрони Укройн ба вуҷуд омада, истифода кунад.

Image copyrightReuters
Image caption Ҳамзамон бо талошҳои диплумотик, даргириҳо дар шарқи Укройн идома дорад

Қарор аст оқои Путин имрӯз дар Минск, пойтахти Белорус бо раҳбарони Фаронса, Олмон ва Укройн дидор кунад. Ҳануз дидори ин афрод қатъӣ нашудааст.

________________________

Талафоти инсонӣ дар шарқи Укройн

5486 нафар кушта

12972 нафар захмӣ

________________________

Кишварҳои Ғарбӣ Русияро ба таҷҳизи шӯришиён ва эъзоми сарбоз муттаҳам мекунанд, Русия ин иттиҳомҳоро рад мекунад.

Бриҷет Кандол, хабарнигори диплумотики Би-би-сӣ мегӯяд мушаххас нест, ки оқои Путин ҳозир ба додани чӣ имтиёзоте хоҳад буд.

Талошҳои тоза барои поён додан ба буҳрони шарқи Укройн дар ҳоле дар ҷараён аст, ки даргириҳои шадид ҳамчунон идома дорад. Ин буҳрон аз моҳи апрели соли гузашта шуруъ шуд.

Шӯришиёни мавриди ҳимояти Русия ва нерӯҳои давлатии Укройн талош доранд то пеш аз имзои ҳар гуна тавофуқи сулҳе арозии бештареро ба тасарруфи худ дароваранд.

Мақомоти вазорати дифоъи Укройн мегӯянд ҳадди ақал 19 сарбози ин кишвар дар даргириҳои 24 соъати гузашта кушта шудаанд ва беш аз ҳаштод нафар низ захмӣ шудаанд.

Як хумпора ба истгоҳи утубусе дар шаҳри Дунетск, ки дар кунтрули шӯришиён аст, исобат карда ва талафоте ба бор овардааст.

Матолиби муртабит