Путин бори дигар Омрико ва ёронашро омили ҷанг дар Укройн донист

  • 9 Феврал, 2015
Владимир ПутинImage copyrightGetty
Image caption Владимир Путин қавиян шавоҳидеро, ки ҳокӣ аз ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар Укройн аст, рад карда

Дар ҳоле ки талошҳои диплумотик барои хотима додан ба даргириҳо дар шарқи Укройн идома дорад, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, Омрико ва муттаҳидони ин кишварро омили бурузи ин даргириҳо донистааст.

Оқои Путин қавиян шавоҳидеро, ки ҳокӣ аз ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар Укройн аст, рад карда ва гуфтаст, ки Созмони Паймони Отлонтики Шимоляӣ, Ноту, ба таъаҳҳудоташ мабнӣ бар адами густариш дар поёни Ҷанги Сард пойбанд набудааст.

Раиси ҷумҳурии Русия афзуда, ки давлати Укройн дар масири фурӯпошӣ қарор дорад ва бояд фавран ба ҷанг бо ҷудоиталабони тарафдори Русия поён бидиҳад.

Оқои Путин ин изҳоротро дар ҳоле баён карда, ки Олмон ва Фаронса бо пешниҳоди як тарҳи сулҳ дар талошанд, то ба буҳрон дар Укройн хотима диҳанд.

Рӯзи гузашта гуфта шуд, ки раҳбарони Фаронса, Олмон, Русия ва Укройн мувофиқат кардаанд, ки то рӯзи чаҳоршанбеи 11 феврал дар бораи ин тарҳ дар Минск, пойтахти Белорус, дидору гуфтугӯ кунанд.

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, қарор аст рӯзи душанбеи 9 феврал бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар бораи тарҳи сулҳи пешниҳодӣ гуфтугӯ кунад.

Image copyrightReuters
Image caption Ҷанг дар шарқи Укройн то кунун беш аз панҷ ҳазор кушта дошта ва ҳудуди якуним милюн нафар ҳам маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд

То кунун ҷузъиёти андаке дар бораи муҳтавои ин тарҳи сулҳ мунташир шудааст, аммо ба нзар мерасад, ки ин тарҳ талоше барои эҳёи тавофуқи оташбасе бошад, ки дар моҳи сентябр дар пойтахти Белорус имзо шуд.

Аз замони имзои он тавофуқи оташбас дар Минск шибҳинизомиёни ҳаводори Русия ба арозии таҳти тасарруфи худ дар шарқи Укройн афзудаанд.

Омрико гуфтааст, ки ирсоли таслиҳот барои давлати Укройнро мавриди назар дорад.

Олмон мухолифи ирсоли силоҳ ва таҷҳизот барои кумак ба артиши Укройн аст. Гуфта мешавад, ки садри аъзами Олмон талош дорад, то роҳи ҳалли диплумотике барои ин буҳрон пайдо кунад.

Ҷанг дар шарқи Укройн то кунун беш аз панҷ ҳазор кушта дошта ва ҳудуди якуним милюн нафар ҳам маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд.

Матолиби муртабит