Иҷлоси раҳбарони урупоӣ барои ҳаллу фасли буҳрони Укройн дар тӯли шаб идома дошт
Image copyrightReutersИҷлоси раҳбарони ширкаткунанда дар иҷлоси ҳаллу фасли буҳрони сиёсии Укройн дар тамомии тӯли шаб идома дошта ва хабаргузории Руйтерз дар гузорише таъйиднашуда аз имзои санади муштараке дар ин замина хабар додааст.
Бомдоди панҷшанбеи 23 баҳман (12 феврал) хабаргузории Руйтерз дар як хабари фаврӣ аз Минск, пойтахти Белорус, ба нақл аз як манбаъи огоҳ гузориш кард, ки раҳбарони Олмон, Укройн ва Русияву Фаронса, ки ҷиҳати ёфтани роҳи ҳалле барои буҳрони хунини Укройн дар ин шаҳр гирд омада буданд, саранҷом бар сари муҳтавои санади муштараке дар ин замина тавофуқ карда ва онро имзо хоҳанд кард.
Ин хабар ҳанӯз аз сӯи манобеъи расмӣ таъйид нашуда ва ҷузъиёте низ аз муҳтавои санади мавриди назари Руйтерз интишор наёфтааст.
Нишасти раҳбарони чаҳор кишвар аз рӯзи гузашта дар Минск оғоз шуда буд. Петру Пурушенку, Влодимир Путин ва Фронсуо Улонд, раисони ҷумҳурии Укройн, Русия ва Фаронса ва Онгело Меркел, садри аъзами Олмон дар он ҳузур доштанд.
Олмон ва Фаронса дар садади миёнҷигарӣ байни Укройн ва Русия ба унвони ҳомии ҷудоиталабони укройнӣ будаанд. Ҳадаф аз ин ҷаласа ёфтани роҳе барои поён додан ба ҷанг байни нерӯҳои давлатии Укройн ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи ин кишвар будааст.
Дар ин нишаст аз сӯи шӯришиён намояндае ҳузур надошта ва Влодимир Путин ин нақшро бар уҳда дошт, ҳарчанд давлати Русия ҳамеша ҳар навъ иртиботе бо шӯришиёнро такзиб мекард ва пеш аз ин бар лузуми тавофуқ байни давлати Укройн ва шӯришиён таъкид дошт.
Буҳрони Укройн аз моҳи ноябри соли 2013 оғоз шуд. Он замон Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии вақт, ки аз тарафдорони Русия буд, эълом кард, ки сиёсати наздики иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Урупоро канор гузоштааст.
Вай гуфт дар иваз тасмим дорад ба густариши бештари муносиботи тиҷорӣ ва сиёсӣ бо Русия мубодират (иқдом) кунад. Ин тасмим боъиси баргузории тазоҳуроти мудовим дар пойтахти Укройн шуд.
Дар моҳи фверали соли 2014 даҳҳо нафар дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Укройн кушта шуданд ва мухолифони оқои Ёнукувич нерӯҳои пулиси амниятии ин кишварро ба ин куштор муттаҳам карданд.
Дар пайи ин таҳаввул порлумони Укройн раиси ҷумҳуриро барканор кард ва як давлати интиқолиро то замони баргузории интихоботи ҷадид ҷои ӯ ба кор гумошт.
Виктур Ёнукувич, ки ба фасоди молӣ низ муттаҳам буд, ба Русия гурехт. Давлати Русия барканории ӯро мардуд донист ва давлати ҷадиди Укройнро ғайриқонунӣ эълом кард ва гуфт, ки нисбат ба амнияти рустаборони сокини Укройн эҳсоси нигаронӣ мекунад.
Чанд ҳафта баъд порлумони маҳаллии шибҳиҷазираи Криме, ки аксари сокинони онро рустаборон ташкил медоданд, ба ҷудоии ин сарзамин аз Укройн ва илҳоқи он ба Русия раъй дод. Давлати Русия дар моҳи март ин бахш аз хоки Укройнро расман ба хоки худ замима кард.
Дар пайи инзимоми Криме гурӯҳе аз рустаборони манотиқи шарқи Укройн низ хостори ҷудоӣ аз ин кишвар ва пайвастан ба Русия шуданд. Аз он замон, даргирӣ байни онон ва нерӯҳои давлатӣ идома доштааст, дар ҳоле ки воҳидҳое аз артиши Русия дар наздикии марз бо Укройн мустақар будаанд.
Давлати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ба ҳимояти мустақим аз шӯришиён ва ҳатто мушорикат дар ҷанг алайҳи нерӯҳои давлатӣ муттаҳам мекунанд. Аммо Русия ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ҷудоиталабон сирфан шаҳрвандони норозии укройнӣ ҳастанд, ки нисбат ба амнияти худ эҳсоси нигаронӣ мекунанд.
Кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоеро низ алайҳи Русия вазъ кардаанд, ки бар душвории шароити иқтисодии ин кишвар афзудааст. Ахиран раиси ҷумҳурии Омрико ҳушдор дод, ки идомаи мудохилаи Русия дар Укройн метавонад фишорҳои бештареро дар пай оварад.
Русия гуфтааст, ки барои поён додан ба ин буҳрон лозим аст қонуни асосии Укройн тағйир ёфта ва як низоми федерол бо ихтиёроти густарда барои манотиқи шарқӣ эҷод шавад.
Миллигароёни укройнӣ бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷудоии Криме низ бо тасмими давлати маҳаллии ин минтақа сурат гирифт, муътақиданд, ки ҳадафи Русия дар ниҳоят инзимоми манотиқи шарқии Укройн аст.
Ҳанӯз дар мавриди дастёбии нишасти Минск ба тавофуқ бар сари санаде муштарак гузориши мустанаде мунташир нашудааст.
