Эҳтимоли гуфтугӯи Толибон ва намояндагони Омрико дар Қатар
Image copyrightМанобеъи аршади гурӯҳи Толибон гуфтаанд, қарор аст даври тозае аз гуфтугӯҳои сулҳ миёни музокиракунандагони ин гурӯҳ ва намояндагони мрико шаби 30 баҳман (19 феврал) дар Қатар оғоз шавад.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибони Афғонистон, ба Ковун Хамуш, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул, субҳи имрӯз гуфт, ки ҳайъати намояндагии сиёсии гурӯҳи Толибон дар ҳоли ҳозир дар Қатар фаъъол аст ва барои таъйиди ин ки оё гуфтугӯҳо байни намояндагони Толибон ва мақомҳои омрикоӣ баргузор мешавад ё хайр, бояд намояндагони гурӯҳи Толибон дар Қатар суҳбат кунанд.
Ӯ дар тамоси дигаре ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо намояндагони гурӯҳи Толибон дар Қатар суҳбат карда ва гузоришҳо дар мавриди баргузории гуфтугӯҳо миёни намояндагони гурӯҳи Толибон ва мақомҳои омрикоӣ дар Қатарро рад мекунанд.
Ӯ гуфт, ки то куyун касе ба намояндагони гурӯҳи Толибон дар Қатар барои гуфтугӯҳо муроҷеъа накардааст.
Бо ин ҳол, як узви аршади гурӯҳи Толибони Афғонистон, мустақар дар Қатар, ба хабаргузории Руйтерз гуфта: "Даври аввали гуфтугӯҳо имрӯз дар Қатар баргузор мешавад ва даври баъдӣ рӯзи ҷумъа хоҳад буд. Бигзоред, бибинем чи иттифоқ меуфтад, чун суҳбатҳо то ҳанӯз натиҷае надоштааст."
Мақомҳои давлати Омрико дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои давлати Афғонистон гуфтаанд, ки музокироти сулҳи Афғонистон бо гурӯҳи Толибон мустақим хоҳад буд ва чизе аз мардум пинҳон нахоҳад монд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, гуфта, ки тамоми мардум дар ҷараёни ҷузъиёти музокироте, ки дар раванди сулҳ анҷом мегирад, қарор хоҳанд гирифт.
Ин изҳорот пас аз дидори оқои Ғанӣ бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии пешин, муъовинони риёсати ҷумҳурӣ ва шуморе аз раҳбарони ҷиҳодӣ ва бузургони қавмӣ ва мақомҳои давлати Покистон матраҳ шудааст.
Ахиран женерол Роҳил Шариф, раиси ситоди артиши Покистон, барои дувумин бор тайи се моҳи гузашта ба Кобул сафар кард ва дар мавриди гуфтугӯ бо Толибон ва раванди сулҳ бо мақомҳои афғон суҳбат кард.
Мақомҳои покистонӣ ба ҳукумати Афғонистон гуфтаанд, ки гурӯҳи Толибон бо гуфтугӯи мустақим бо давлати Афғонистон тавофуқ кардаанд ва мунтазиранд ҳарфи охирро мулло Муҳаммад Умар бизанад.
Дар солҳои гузашта давлати Афғонистон талошҳои зиёде барои мутақоъид кардани гурӯҳи Толибон ба музокироти сулҳ анҷом дода, аммо ин талошҳо то кунун натиҷаи амалӣ дар пай надоштааст.
Гуфтугӯҳое, ки миёни намояндагони Толибон ва Омрико дар ду соли гузашта дар Дуҳа, пойтахти Қатар, баргузор шуд, низ ба анҷом нарасид. Давлати Афғонистон бо гушоиши дафтари Толибон дар Қатар ва буланд шудани парчами ин гурӯҳ дар ин дафтар мухолифат нишон дод ва гуфтугӯҳо бакуллӣ қатъ шуд.
Манобеъи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон мегӯянд дар ҳоли ҳозир талошҳое аз маҷрои Чин, Иморот ва Арабистон низ барои заминасозии гуфтугӯҳои сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон ҷараён дорад.
