Тавофуқи Афғонистон ва Покистон барои ҳадаф қарор додани Толибон дар манотиқи марзии ҳамдигар

  • 24 Декабр, 2014
Image copyright

Фармондеҳони низомии Афғонистон ва Покистон тавофуқ кардаанд, ки бо ҳамоҳангии дуҷониба дар сурати лузум пойгоҳҳои Толибон дар манотиқи марзии ҳамдигарро ҳадаф қарор диҳанд.

Ин тавофуқ дар Исломобод, пойтахти Покистон ва миёни Роҳил Шариф, фармондеҳи артиши он кишвар аз як сӯ ва женерол Шермуҳаммад Каримӣ, раиси ситоди артиши Афғонистон, аз сӯйи дигар сурат гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузориҳо, тавофуқи ҷадид дар ҳузури женероли омрикоӣ Ҷон Кемпел, фармондеҳи кулли нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон, анҷом шудааст.

Женерол Кемпел, аз тавофуқи ҷадиди Афғонистон ва Покистон барои муқобила бо Толибон истиқбол кардааст.

Дар пайи афзоиши ҳамалоти мусаллаҳонаи Толибон дар Афғонистон ва Покистон, иддае аз нозирон аз муддатҳо қабл бар лузуми афзоиши ҳамоҳангии бештари ин ду кишвар барои зарба задан ба пойгоҳҳои Толибон дар ду сӯйи марзҳои муштарак таъкид карда буданд.

Ду рӯз пеш женерол Абдурозиқ, фармондеҳи пулиси Қандаҳор дар Афғонистон, гуфт ба нерӯҳои зери фармонаш дастур дода, ки шӯришиёни Толибонро дар дохили хоки Покистон ҳадаф қарор диҳанд.

Ин нахустин бор буд, ки як фармондеҳи пулиси Афғонистон аз нерӯҳои таҳти амраш мехост, ки шӯришиёнро дар дохили хоки Покистон ҳадаф қарор диҳанд.

Мақомҳои афғон то кунун борҳо аз паноҳ гирифтани нерӯҳои Толибон дар хоки Покистон барои ҳамла ба Афғонистон интиқод кардаанд.

Матолиби муртабит