Суиқасди нофарҷом ба раҳбари ҳизби Ҷамъияти уламои исломи Покистон

  • 23 Октябр, 2014

Мавлоно Фазлурраҳмон, раҳбари ҷамъияти уламои исломи Покистон (шохаи Фазл) аз як бумбгузорӣ ҷон солим бадар бурдааст.

Ин ҳамла дар Кветта, маркази иёлати Балучистони Покистон рух додааст.

Ҷамъияти уламои ислом яке аз бузургтарин аҳзоби исломӣ дар Покистон аст.

Бар асоси гузоришҳо аз Покистон дар асари ин ҳамла, ки дар як ҷаласаи ҳомиёни ҳизб дар Кветта рух дод, ду нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи хабарнигорон оқои Раҳмон қаблан ва ба далели ҳимояташ аз қонуни асосӣ ва ҳамчунин раванди демукросӣ ва сиёсати интихоботӣ ҳадафи суиқасд қарор гирифта буд.

Оқои Раҳмон дар изҳороте пас аз ин ҳамла гуфт, ки мумкин аст ин авомил дар паси суиқасд ба ӯ буда бошад, аммо афзуд, ки далоили дигаре аз ҷумла интиқод аз Омрико ва ё талоши ӯ барои эҷоди қонуни шариъат дар кишвар низ мумкин аст дар пушти пардаи ин гуна ҳамалот алайҳи вай бошад.

Ҳамзамон Ҷон Ачикзай, сухангӯи ин ҳизб ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки ҳоли оқои Раҳмон хуб аст. Ӯ афзуд, ки Ҷамъияти уламои ислом "бар иҷрои комили қонуни асосӣ ва тавсеъаи демукросӣ дар Покистон ва ҳамчунин эҷоди сулҳу сабот дар кишвар" таъкид дорад.

Оқои Ачикзай таъкид кард, ки ҳадафи ин ҳамлаи интиҳорӣ талош барои эҷоди бесаботӣ будааст.

Суиқасд ба ҷони оқои Раҳмон соъоте пас аз як ҳамлаи дигар дар ҳамин шаҳр рух дод.

Пештар мардони мусаллаҳ гурӯҳе аз шиъиёнро дар ин шаҳр ба гулӯла баста ва шумореро кушта ва захмӣ карда буданд.

Рӯзи панҷшанбе, 1 обон (23 октябр) пулиси шаҳри Кветта эълом кард, ки ду фарди мутурсавор ва мусаллаҳ ба аслиҳаи худкор як минибуси ҳомили шиъиёни ҳазораро дар як бозори тарабор наздики ин шаҳр ҳадафи тирандозӣ қарор додаанд.

Ба гуфтаи манобеъи пулис дар ин ҳамла ҳашт тан аз сарнишинони утубус кушта ва теъдоде низ захмӣ шудаанд. Бархе манобеъ аз кушта шудани як нафари дигар ҳам хабар додаанд.

Ин ҳамла дар остонаи моҳи муҳаррам, моҳи азодории шиъиён сурат гирифта ва эҳтимолан дорои ангезаи фирқаӣ будааст.

Дар солҳои ахир Покистон шоҳиди бурузи даргириҳои хунини фирқаӣ байни шиъиён ва сунниҳо буда, ки бахусус дар моҳҳои сӯгвории шиъиён, ки бо азодорӣ дар маконҳои умумӣ ҳам ҳамроҳ аст, шиддат гирифтааст.

Дар моҳи муҳаррами соли гузашта дар ҷараёни даргирии байни гурӯҳҳои тундрави суннӣ ва шиъа дар шаҳри Ровалпиндӣ дастикам ёздаҳ нафар кушта шуданд. Гурӯҳи қавмии ҳазора аксаран шиъа ҳастанд.

Image copyrightAFP
Image caption Шиъиёни ҳазора ҳадафҳои аслии ҳамалоти фирқаӣ будаанд

Матолиби муртабит