Ду кушта ва 400 маҷруҳ дар даргириҳои муътаризин ва пулиси Покистон
Image copyrightAFPДаргирии миёни пулис ва муътаризони хоҳони истеъфои Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар Исломобод, пойтахти Покистон то кунун ду кушта ва 400 нафар маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.
Гузориш шудааст, ки ҳади ақал 26 нафар аз маҷруҳон маъмурони пулис будаанд.
Ба гуфтаи манобеъи бемористонӣ дар Исломобод яке аз кушташудагон, ки Навид Раззоқ ном дорад, дар асари сактаи қалбӣ ҷони худро аз даст додааст.
Пулиси Исломобод пас аз нооромиҳои шаби гузашта имрӯз (субҳи якшанбе) барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон дар наздикии иқоматгоҳи нахуствазир аз гози ашковар истифода кардааст.
Холид Хаттак, раиси пулиси Исломобод гуфтааст, ки наздик ба 100 нафар, ки талош карда буданд ба самти иқоматгоҳи расмии нахуствазир ҳаракат кунанд, боздошт шудаанд.
Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт теъдоди зиёде аз боздоштшудагон ба силоҳи сард аз ҷумла табар ва чаккуш мусаллаҳ буданд.
Тарафдорони Имрон Хон, раҳбари ҳизби "Таҳрики инсоф" ва Тоҳир Алқодирӣ, раҳбари ҳизби "Авомӣ таҳрик" дар тули ду ҳафтаи гузашта дар эътироз ба нахуствазир дар Исломобод таҳассун кардаанд.
Онҳо хостори истеъфои Навоз Шариф ба далели "фасод ва тақаллуби интихоботӣ" ҳастанд, аммо нахуствазир иддаъои фасодро рад кардааст.
Дар тасовири телевизиюнӣ аз даргириҳои Исломобод маъмурони пулис дар ҳоли шиллики гулӯлаҳои гози ашковар дида мешаванд ва тазоҳуркунандагон ҳам, ки бархе аз онҳо чумоқ ба даст доранд, ба самти пулис санг меандозанд.
Бо ин ҳол Тоҳир Алқодирӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст муътаризон чизе ба унвони силоҳ ба ҳамроҳ надоштаанд ва гуфта иқдоми пулис ба маънои ҳамлаи давлат ба шаҳрвандони худаш аст.
Женерол Роҳил Шариф, фармондеҳи артиши Покистон рӯзи ҷумъаи гузашта хостори васотат миёни тарафайни ихтилоф шуда буд, ки мавриди истиқболи вазири дифоъи он кишвар қарор гирифт.
Теъдоди зиёде муътаризоне, ки дар тайи ду ҳафтаи гузашта дар хиёбонҳои Исломобод таҷаммуъ кардаанд, аз шаҳри Лоҳур ба пойтахти Покистон рафтаанд.
Онҳо гуфта буданд то истеъфои Навоз Шариф хиёбонҳои шаҳрро тарк нахоҳанд кард ва таҷаммуъи эътирозии онҳо то дирӯз таҷаммуъе сулҳомез будааст.
