Афроди ношинос дар Покистон як овозхони маҳбуби занро куштанд

  • 19 Июн, 2014

Мақомоти маҳаллии Покистон мегӯянд, ки афроди ношиноси мусаллаҳ Гулноз, як овозхони маҳбубро, ки миёни мардум бо тахаллуси Мускон маҳбубият дошт, бо зарби гулӯла куштанд.

Чаҳор шибҳнизомӣ ин зани 38-соларо дар хонааш дар шаҳри Пешовар дар шимолу ғарбии Покистон ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Гулноз ва ё Мускон, ки бештар ба забони пашту оҳанг иҷро мекард, дар пайи ҷароҳоти сангин дар бемористон даргузашт.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон гузориш медиҳад, ки ҳамла ба овозхонҳои зан дар манотиқи Хайбар ва Пахтунуво дар ин авохир бамаротиб бештар шуда бисёриҳо бар ин боваранд, ки ин амал хилофи қавонини исломист.