Имрон Хон: То Навоз Шариф истеъфо надиҳад, музокира намекунам
Image copyrightEPAИмрон Хон, сиёсатмадори мухолифи давлати Покистон гуфт то замоне ки Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар истеъфо надода, бо давлат музокира нахоҳад кард.
Крикетбози машҳури Покистон, ки ҳамакнун раҳбарии ҳизби "Таҳрики инсоф" (Пи-ти-ой ё Ҷунбиш барои адолатро)-ро ба ӯҳда дорад, дар ҷамъи ҳаводорон дар баробари маҷлиси Покистон гуфт ин маҳалро то замони канорагирии Навоз Шариф тарк нахоҳад кард.
Намояндагони маҷлиси Покистон бо судури баёнияе дархостҳо барои канорагирии нахуствазирро хилофи қонуни асосӣ хондаанд.
Пештар гузориш шуда буд, ки музокироти миёни давлати Покистон бо мухолифон оғоз шудааст.
Тоҳир Қодирӣ, рeҳонии муқими Конодо низ хоҳони истеъфои Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аст.
Ин ду агарчи хоҳони канорагирии оқои Шариф ҳастанд, аммо муnтаҳиди якдигар маҳсуб намешаванд. Хабарнигорон мегӯянд агар яке аз тарафайн бо давлат ба тавофуқ бирасад, тарафи дигар ба шиддат тазъиф хоҳад шуд.
Муътаризон ки дар Исломбод ҷамъ шудаанд, оқои Шарифро муттаҳам мекунанд, ки бо тақаллуб дар интихоботи порлумонии соли пеш ба пирӯзӣ расид.
Навоз Шариф ин иттиҳомро рад мекунад.
Давлати Покистон мутақобилан тазоҳуркунандагонро муттаҳам кардааст, ки фароняди демукротикро дар кишвар мухтал мекунад.
Имрон Хон шаш дархост барои музокира бо давлат матраҳ карда, ки яке аз онҳо канорагирии Навоз Шариф аст.
Давлати Покистон гуфтааст, ки дархостҳои матраҳ шуда мабнои қонунӣ надорад.
Имрон Хон ва Тоҳир Қодирӣ қарор аст имрӯз дар додгоҳи олии Покистон ҳозир шаванд ва дар бораи тазоҳуроте, ки созмондиҳӣ кардаанд, тавзеҳ диҳанд.
Рӯзи сешанбе ҳазорон тазоҳуркунандаи мухолифи давлат вориди минтақаи қирмиз шуданд, ки минтақаи фавқи амниятии Исломобод маҳсуб мешавад ва дар атрофи сохтмонҳои муҳими давлатӣ аз ҷумла маҷлис таҷаммуъ карданд.
Сарбозоне, ки аз сохтмонҳои давлатӣ ҳофизат мекунанд, аз вуруди тазоҳуркунандагон ба ин минтақа ҷилавгирӣ ба амал наоварданд. Раҳбарони артиши Покистон аз давлат ва мухолифон хостааст аз тариқи музокира ба буҳрони кунунӣ хотима диҳанд.
Аз замони истиқлоли Покистон артиш борҳо даст ба кудето алайҳи давлатҳои мунтахаб задааст.
Тазоҳуроти зидидавлатӣ то кунун мусолиматомез будааст, аммо идомаи буҳрони сиёсӣ нигаронӣ дар мавриди дахолати артиш дар сиёсатро афзоиш хоҳад дод.
