Мухолифони Навоз Шариф аз Лоҳур ба суи Исломобод ҳаракат карданд
Image copyrightReutersҲазорон нафар аз мухолифони давлати Покистон дар ҳоли ҳаракат ба суи Исломобод, пойтахти ин кишвар ҳастанд то хоҳони канорагирии Навоз Шариф, нахуствазири Покистон шаванд.
Тазоҳуркунандагон аз шаҳри Лоҳур дар ҳоли ҳаракат ба суи Исломобод ҳастанд ва беш аз 20 ҳазор пулис дар нуқоти ҳассоси пойтахт мустақар шудаанд.
Шозеб Ҷилонӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон мегӯяд ин бузургтарин чолиш барои давлати Навоз Шариф аз замони даври ҷадиди нахуствазирии ӯст.
Ҳамчунин тадобири шадиди амниятӣ дар ин кишвар ба иҷро даромада ва нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли ҳифозат аз сохтмонҳои муҳими давлатӣ аз ҷумла кохи раёсати ҷумҳурӣ, мақари нахуствазирӣ, порлумон ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҳастанд.
Имрон Хон, сиёсатмадор ва Тоҳир Қодирӣ, рӯҳонии пуртарафдор, ки муқими Конодо аст, ин тазоҳуротро тартиб додаанд.
Онҳо хоҳони истеъфои Навоз Шариф ҳастанд ва ба ҳаводорони худ ваъдаи тағйири ҳукуматро додаанд.
Имрон Хон ва Тоҳир Қодирӣ аз вазъияти номуносиби иқтисодӣ, афзоиши фаъолиятҳои пайкорҷӯён ва нокомии давлат дар ироаи хадамоти аслӣ монанди барқ башиддат интиқод кардаанд.
Имрон Хон ҳамчунин Навоз Шарифро муттаҳам ба тақаллуб дар интихоботи саросарӣ, ки мунҷар ба пирӯзии ӯ шуд, кардааст.
Илёс Хон, хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон мегӯяд Имрон Хон ва Тоҳир Қодирӣ ҳамроҳ бо ҳаводорони худ масири 350 килуметрӣ то Исломободро бо худрав, комиюн ва мутур хоҳанд рафт.
Интизор меравад тазоҳуркунандагон авоили рӯзи ҷумъа ба пойтахт бирасанд.
Имрон Хон ва Тоҳир Қодирӣ тавофуқ кардаанд, ки дар мунтаҳи алайҳи шарқии пойтахт ва дур аз марокизи харид ва иқоматӣ ва сохтмонҳои давлатӣ ҷамъ шаванд.
Давлати Покистон тазоҳуркунандагонро муттаҳам карда, ки раванди демукросиро дар кишвар мухтал мекунанд.
