Артиши Покистон хоҳони поёни буҳрони сиёсии ин кишвар шуд
Image copyrightAPАртиши Покистон хоҳони гуфтугӯи давлат ва мухолифон барои поён додан ба буҳрони сиёсии ин кишвар шудааст.
Дархости артиши Покистон замоне матраҳ мешавад, ки ҳазорон нафар аз мухолифони давлати Навоз Шариф, нахуствазир бо роҳпаймоӣ ба суи маҷлиси Покистон хоҳони истеъфои ӯ шудаанд.
Мухолифони давлат талош карданд бо муҳосираи маҷлис монеъ аз вуруд ва хуруҷи намояндагон шаванд, аммо Навоз Шариф ва сойири намояндагон тавонистанд аз маҷлис хориҷ шаванд.
Дар Покистон аъзои давлат ҳамзамон узви порлумон ҳастанд.
Тазоҳуркунандагон рӯзи сешанбе вориди минтақаи фавқи амниятии пойтахт маъруф ба минтақаи қирмиз шуданд, ки маҳалли истиқрори марокизи муҳими давлатӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ аст.
Имрон Хон, сиёсатмадор ва Тоҳир Қодирӣ, рӯҳонии муқими Конодо давлати Покистонро ба тақаллуб дар интихобот ва фасод муттаҳам мекунанд. Давлати Покистон ин иттиҳомотро рад кардааст.
Имрон Хон, ки раҳбарии ҳизби "Таҳрики инсоф" ё ҷунбиш барои адолатро ба уҳда дорад, давлати оқои Шарифро "ғайримашруъ" хондааст.
Додгоҳи олии Покистон Имрон Хон ва Тоҳир Қодириро барои рӯзи панҷшанбе эҳзор кард то дар иртибот бо тазоҳуроти мухолифон тавзеҳоти худро ироа диҳанд.
Тоҳир Қодирӣ аз ҳаводорони худ хостааст ба таҷаммуъи худ дар баробари сохтмонҳои давлатӣ аз ҷумла маҷлис идома диҳанд. Ӯ ба ҳаводорони худ гуфта, ки вориди сохтмонҳои давлатӣ нашаванд.
Давлати Покистон тазоҳуркунандагонро муттаҳам кардааст, ки фароянди демукротикро дар кишвар мухтал мекунанд.
