Имрон Хон хостори кумаки сареъ ба оворагони покистонӣ шуд
Image copyrightAFPИмрон Хон, раҳбари ҳизби Таҳрики инсофи Покистон мегӯяд, ки артиши кишвар бояд ба гурӯҳҳои кумакрасонӣ иҷоза диҳад, то барои ироаи хадамот ба оворагон вориди минтақаи шимоли ғарби Покистон шаванд.
Оқои Хон ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки бидуни чунин кумакҳо давлати таҳти раҳбарии ӯ дар иёлати Хайбар Пахтунхво, ки ҳаммарз бо манотиқи қабилаии Покистон аст, наметавонад аз уҳдаи мушкилоти ин беҷошудагон барояд.
Дар пайи амалиёти артиши Покистон дар минтақаи қабилаии Вазиристони Шимолӣ, ки ҳудуди 3 ҳафта пеш оғоз шуд, даҳҳо ҳазор нафар беҷо шудаанд.
Оқои Хон таъкид кард, ки иттифоқоти чанд ҳафтаи гузашта дар минтақа дар ҳоли табдил шудан ба як "трожедии инсонӣ" аст.
Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ беш аз ҳафтсад ҳазор нафар аз мардуми минтақа бар асари амалиёти артиш маҷбур ба тарки хона ва кошонаи худ шудаанд.
Амалиёти заминии артиши Покистон дар минтақаи қабилаии Вазиристони Шимолӣ ҳудуди се ҳафта пеш ва бо амалиётии мавсум ба "Зарби ғазаб" шуруъ шудааст.
Банобар эъломи равобити умумии артиши Покистон ин амалиёт алайҳи нерӯҳои ситезаҷӯи маҳаллии дохилӣ ва хориҷӣ дар ин минтақа сурат гирифтааст.
Баёнияи артиш гуфт, ки ин ситезаҷӯён бо паноҳ гирифтан дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ алайҳи Покистон ҷангро оғоз кардаанд, ки бар асари он зиндагии рӯзмарраи мардум дар тамоми абъоди он зарба дида ва боъиси коҳиши рушди иқтисодӣ ва хисорот ва садамоти ҷонӣ ва молии зиёде шудааст.
Мақомоти артиши Покистон мегӯянд, ки бар асари амалиёти артиш то кунун даҳҳо ситезаҷӯ кушта шудаанд.
Аммо ба иллати маҳдудияти рафту ва омад ба минтақа наметавон ин оморро ба таври мустақил таъйид кард.
