Ба сӯйи худрави Имронхон дар Покистон "тирандозӣ" шуд

  • 15 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Имронхон хоҳони истеъфои давлати Навоз Шариф аст

Имронхон, сиёсатмадори мухолифи давлати Покистон мегӯяд ба сӯйи тазоҳуркунандагон мухолифи давлат дар шаҳри Гуҷаронвола тирандозӣ шудааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳамкораш мардеро бо аслиҳаи дастӣ дар ҳоли тирандозӣ дидаанд.

Имронхон ва ҳаводоронаш рӯзи гузашта ба манзури водоштани давлати Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ба истеъфо аз Лоҳур ба мақсади Исломобод, пойтахт роҳ афтоданд.

Дар ҳамин ҳол, даргириҳое миёни мухолифон а тарафдорони давлат рӯй додааст. Гузориш шуда, ки чандин нафар дар ин даргириҳо дучори ҷароҳат шудаанд.

Имронхон аз ҳаводоронаш хоста, то муроқиб бошанд ва "ба доми хушунатҳо наяфтад."

Давлати Покистон гуфтааст, ки ҳаводоронаш дар ин хушунатҳо даст надоштаанд.

Ҳизби "Таҳрики инсоф", ки Имронхон раҳбарии онро ба уҳда дорад, дар Фейсбук навиштааст, ки ҳаводорони ҳизби Муслим лиг шохаи Навоз ба сӯйи худрави Имронхон тирандозӣ карда ва санг ба тарафи он партоб кардаанд.

Image copyrightAFP GETTY

Тазоҳуроти мухолифони давлат, ҷиддитарин чолиши Навоз Шариф аз замони нахуствазирии ӯст.

Ба ғайр аз Имронхон ва ҳаводоронаш Тоҳир Қодирӣ, рӯҳонии тарафдори муқими Конодо низ бо тарафдоронаш дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи пойтахт аст.

Тадобири амниятӣ дар Покистон ташдид шудааст. Пулис дар Исломобод дар нуқоти ҳассос мустақар шудааст.

Тазоҳуроти мухолифони давлат ҷиддитарин чолиши Навоз Шариф аз замони нахуствазирии ӯст.

Давлати Покистон тазоҳуркунандагонро муттаҳам карда, ки раванди демукросиро дар кишвар мухтал мекунанд.

Имронхон ва Тоҳир Қодирӣ хоҳони истеъфои Навоз Шариф ҳастанд ва ба ҳаводорони худ ваъдаи тағйири ҳукуматро додаанд.

Ин ду аз вазъияти номуносиби иқтисодӣ афзоиши фаъъолиятҳои пайкорҷӯён ва нокомии давлат дар ироаи хадамоти аслӣ монанди барқ ба шиддати интиқод кардаанд.

Имронхон ҳамчунин Навоз Шарифро муттаҳам ба тақаллуб дар интихоботи саросарӣ, ки мунҷар ба пирӯзиаш шуд, кардааст.

Давлати оқои Шариф аз додгоҳи олии Покистон хостааст, то бо ташкили кумитае мураккаб аз қуззот дар бораи иддаъоҳои матраҳшуда мабнӣ бар тақаллуб дар интихоботи соли 2013 расидагӣ кунад.

Матолиби муртабит