Вазири дифоъи Итолиё бар ҳимояти дарозмуддати ин кишвар аз Афғонистон таъкид кард

  • 22 Декабр, 2014
Image copyrightdifesa.it
Image caption Хонуми Питунӣ монанди шуморе дигар аз мақомҳои ғарбӣ дар остонаи оғози соли ҷадиди мелодӣ ба Афғонистон рафта ва бо нерӯҳои низомии худ дар Афғонистон дидор мекунад

Вазири дифоъи Итолиё дар сафаре ба Афғонистон гуфта, ки кишвараш аз нерӯҳои амниятӣ, мубориза бо терурисм ва тавсиъаи иқтисодии ин кишвар ҳимояти дарозмуддат мекунад.

Рубето Питунӣ дар дидор бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, гуфта, ки ин кумакҳо дар чорчӯби ҳимояти созмони Ноту аз нерӯҳои амниятии Афғонистон мавсум ба "ҳимояти қотеъ" идома хоҳад ёфт.

Оқои Ғанӣ ин кумакҳоро дар ростои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон "фавқулъода муҳим" хондааст.

Image caption Хонуми Питунӣ пеш аз зуҳри имрӯз бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон низ дидор ва гуфтугӯ кард

Итолиё дар бештари як даҳаи гузашта дар чорчӯби нерӯҳои Ноту ва Нерӯҳои Байналмилалӣ Кумак ба Амнияти Афғонистон, ОЙСОФ, дар ин кишвар ҳузур дошта ва дар арсаи бозсозии Афғонистон низ кумак кардааст.

Нерӯҳои итолиёӣ дар як даҳаи гузашта 48 нафар талафот додаанд.

Хонуми Питунӣ бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, низ дидор кардааст, то ҳудуди як ҳафтаи дигар ва бо оғози соли ояндаи мелодӣ маъмурияти размии нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ба поён мерасад ва масъулиятҳои дифоъӣ ва амниятӣ ба сурати комил ба уҳдаи нерӯҳои амниятӣ ба сурати комил ба уҳдаи нерӯҳои амниятии Афғонистон гузошта мешавад.

Пас аз ин маъмурияти нерӯҳои ғарбии ғайриомрикоӣ дар чаҳорчӯби нерӯҳои Ноту ва бар асоси тавофуқномаи ҳамкориҳои амниятии байни Афғонистон ва ин созмони мавсум ба қарордоди вазъияти нерӯҳо ба ҳимояти омӯзишӣ, фаннӣ ва молӣ тағйир мекунад.

Давлати Афғонистон таъкид дорад, ки истифода аз нерӯҳои низомӣ дар ин кишвар ва мубориза бо терурисм танҳо мунҳасир ба нерӯҳои амниятии милӣ бошад ва нерӯҳои байналмилалӣ ба нақши ҳимоятии худ идома диҳанд.

Image copyrightdifesa.it
Image caption Нерӯҳои итолиёӣ аз оғози соли оянда ба маъмурияти ҳимоятии худ аз нерӯҳои амниятии Афғонистон дар заминаҳои омӯзишӣ, фаннӣ ва молӣ идома медиҳанд.

Матолиби муртабит