Дабири кулли Ноту ба Кобул сафар кард

  • 6 Ноябр, 2014
Image caption Дабири кулли Ноту барои ду рӯз дар Афғонистон хоҳад буд

Ҷенз Столтенбург, дабири кулли ҷадиди Ноту, ба Кобул сафар кардааст.

Пас аз оғози ҳукумати ҷадид дар Афғонистон ин аввалин сафари як мақоми баландпояи Ноту ба Кобул аст.

Гуфта мешавад, ки қарор аст оқои Столтенберг дар ин сафари дурӯза бо Муҳаммадашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ, раиси иҷроии Афғонистон ва шуморе дигар аз мақомоти афғон дидор кунад.

Дар ин сафар қарор аст дабири кулли Ноту ба вилояти ҷанубии ин кишвар низ сафар карда ва бо нерӯҳои ин созмон дидор кунад.

Ин сафар ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон як рӯз пас аз оғози кораш, санади мувофиқатномаи амниятӣ бо нерӯҳои Нотуро имзо кард.

Мувофиқатномаи амниятӣ миёни Кобул ва Ноту тавассути мушовири амнияти миллии Афғонистон ва намояндаи вижаи ғайринизомии Ноту дар Афғонистон имзо шуд.

Ба асоси ин мувоффиқатнома шуморе аз нерӯҳои Ноту дар Афғонистон боқӣ мемонанд, аммо маъмурияти аслии ин нерӯҳо пас аз 2014 омӯзиш, машварадиҳӣ ва ҳимоят аз нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон хоҳад буд.

Сафари раиси ситоди муштараки артиши Покистон ба Афғонистон

Сафари дабири кулли Ноту ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти покистонӣ эълом карданд, ки қарор аст женерол Роҳил Шариф, раиси ситоди муштараки артиши Покистон, низ имрӯз ба Афғонистон сафар кунад.

Ин мақоми Покистон дар сафари якрӯзааш ба Кобул бо раиси ҷумҳурӣ ва раиси иҷроӣ, вазири дифоъ, мушовири амнияти миллӣ ва мақомоти низомии дигари афғон дидор мекунад.

Аз оғози кори ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ин дувумин сафари як мақоми баландпояи Покистон ба Афғонистон аст.

Наздик ба се ҳафта пеш Сартоҷ Азиз,мушовири амнияти миллӣ ва равобити хориҷии нахуствазири Покистон, низ ба Кобул омад ва аз раиси ҷумҳур ва раиси иҷроӣ даъват кард, то ба Исломобод сафар кунанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин дидор гуфта буд, ки набояд танҳо ба суҳбат дар мавриди сулҳ иктифо кард, балки бояд ба он амал кард.

Матолиби муртабит